ПАЗИРОИИ МЕҲМОН

Шинед, шинед, ба ҳузур,
Меҳмонҳои роҳи дур.
Шамолҳои куҷо ронд,
Шуморо ин сӯ, ин тур?
Кошонаам мунавар,
Ҳам ҳавлӣ шуд пур аз нур.
Пеш аз шумо расидаст,
Ризқи шумо расидаст,
Аз неъмати Худованд,
Дастурхон аст мудом пур.
Меҳмоннавози тоҷик,
Ба олам аст машҳур.
Зуд меваҳо биёред,
Шафтолу себу ангур.
Гирдача ҳам шуд тайёр,
Кулча зиёд дар танӯр.
Фатирмаска харбуза,
Ин ду ба ҳам шавад ҷӯр.
Қурутоб ҳам андак пас,
Тайёр шавад хеле зӯр.
Равғани зард пиёз ҳам,
Рӯяш бошад қаламфур.
Меҳмон хӯред аз инҳо,
То ки намоед ҳузар.
Дуои меҳмон:
Ин луқмаҳо шавад нур,
Аз хонаҳо бало дур.
Дӯстии мо ба дӯстон,
Шавад  Нурун аъло нур!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail