ПИНДОР

Розҳо дорам ба ту,

Бо туи ҳозир, ки шаб аз чашмҳо пинҳон

Бо мани танҳо сухан мегӯию

бо панҷаҳоям хома меронӣ,

То маро аз ман раҳо карда,

ба ҷойи ман ту мемонӣ.

 

Ё ту мурғ астӣ, ки мехонӣ тарона,

Ё ту рӯд астӣ, ки андар қолаби ман мекунӣ туғён,

Ё насим астӣ, ки месозӣ маро ту беканора,

Чистӣ,

ё кистӣ дар ҷои ман,

Мешавӣ монои ман?

 

Ту маро бар ман намо

Ҳамчу акси моҳтоб аз чоҳ дар шабҳои маҳтобӣ –

Тозаву жарфу пурасрор,

Ҳамчу аксе,к-аз туву гӯё набошад боз аз ту,

Рӯз пинҳон, шаб намудор,

Дар ҷаҳони хоб бедор.

 

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail