ПЛОН

Чӣ давроне, чӣ айёме
Ба дарё ҳам плон додем,
Ба кӯҳҳо ҳам плон додем,
Ба саҳро ҳам плон додем.
Плон бар барфу борон ҳам,
Плон бар бешазорон ҳам,
Плон бар обшорон ҳам,
Плон бар беқаророн ҳам.
Ба ҷоҳил ҳам плони кор,
Ба оқил ҳам плони кор,
Ба шоир ҳам плони кор,
Ба шофир ҳам плони кор.
Ба ҳар санге, ба ҳар ранге,
Ба ҳар кӯҳе, ба ҳар коҳе,
Ба ҳар роҳе, ба ҳар чоҳе плон додӣ.
Валекин умри одам бе плон аст.
* * *
Ба он рӯю ба он мӯю ба он чашм
Ту бояд мешудӣ ҳамсуҳбати ман.
Ба он ҳусне, ки беҳ аз шеъри олист,
Ту бояд мешудӣ ҳамқисмати ман.
Ту бояд медавидӣ ҳамраҳи ман
Зи дунболи ҳавасҳои фиребо.
Ту бояд мепаридӣ чун фаришта
Зи дунболи хаёлам то фалакҳо.
Агар ёри дилам мебудӣ, шояд
Дили маъсуми ман расво намешуд.
Ту мебудӣ агар, андар сурудам
Чунин сенуқтаҳо пайдо намешуд.
Агар андар дилам ҷои ту холист,
Чунон холист ҷоят дар сурудам –
Ба ҷои номи ту дар дафтари хеш
Басо сенуқтаи мубҳам фузудам.
Агар ёри дилам мебудӣ, шояд
Ту пур мекардӣ он сенуқтаҳоро.
Сурудам дуртар парвоз мекард
Мунаввар карда паҳнои фазоро…
Ту бояд мешудӣ ҳамхонаи ман,
Зи хотир бори хотир мегирифтӣ.
Ба он ҳусну ба он эҳсоси лабрез
Ту бояд ёри шоир мегирифтӣ…
* * *
Хобҳои ману ту ковиши дил,
Хобҳои ману ту бедорист.
Баски дилдории мо буд чу хоб,
Хоби мо ёде аз он дилдорист.
Мекушандам ба дусад тиру камон
Дар шабе, дур зи чашми рӯзе.
Баҳри ту ҷони маро месӯзанд
Дар баҳои ҳама ин ҷонсӯзӣ.
Гоҳ дар хоб ба ёди рухи ту
Ашкборон зи ғами дилгирам.
Гоҳ баҳри ту чу як ошиқи пок
Дар раҳи аҳду вафо мемирам.
Лек чун субҳ дамад, мебинам,
Ки ҳамон дур зи оғӯши туам.
Дар миёни ҳама ин дорумадор
Бо ҳама дард фаромӯши туам.
Бо вуҷуди ҳама ин медонам,
Ки муҳаббат гули ночидаи мост.
Он чи дар хоб шабон мебинем,
Ҳиссаи қисмати нодидаи мост…
* * *
Баъди он шаб,
Он шаби дидори бахт
Зиндагӣ озодарӯтар шуд маро,
Дӯстрӯтар, содарӯтар шуд маро.
Одамон дар чашми ман дигар шуданд,
Гӯиё садчанд зеботар шуданд.
Баъди он шаб,
Он шаби сӯзу гудоз
Дар дили ман гӯшае обод шуд,
Дар вуҷудам маъбаде бунёд шуд.
Ончунон ки бишнавӣ дар қитъае
Давлате аз инҳисор озод шуд.
Баъди он шаб,
Он шаби афсонаранг
Тоза шуд афсонаҳои ошиқӣ,
Гӯӣ олам пур шуд аз эъҷози ман.
Гӯиё парвоз дорам дар фазо
Бо ту, эй ҳамболу ҳампарвози ман.
Баъди он шаб,
Он шаби арзи ниёз
Гӯиё дил ёфт истиқлоли хеш.
Ишқро гӯё ҷаҳоне тоза шуд.
Гӯиё дар он ҷаҳони пурбаҳор
Номи ман бо номи ту овоза шуд.
Баъди он шаб,
Он шаби васлу видоъ
Ларзаи ҳар савт дар гӯши дилам
Шеваи нарми ғазалхонии туст.
Ларзаи ҳар барг дар шохи дарахт
Ҷониби ман дастафшонии туст…
1986

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail