Пойи хоббурда

Хома мепечад ба худ аз зулфи чун занҷири ӯ
Мекашад шармандагӣ наққош аз тасвири ӯ.
Ханҷари ошиққушӣ дорад ниҳон дар остин,
Бӯйи хуни Кӯҳкан ояд зи ҷӯйи шири ӯ.
Аҳли тақво бар даҳон доранд зикри новакаш,
Зоҳидонро чӯби мисвок аст чӯби тири ӯ.
Дар каманди сурмаолудаш нигаҳ кардаст банд,
Хушмандонро фиреби чашми пуртадбири ӯ.
Остини муддао ҷӯёи дасти бехудист,
Пойи хоболуда хоҳад гашт домангири ӯ.
Эй Зулайхо, зуд Юсуфро сӯи Канъон фирист,
Магзарон аз ҳад, бияндеш аз дуои пири ӯ.
Сайидо, аз ҳоли дил имрӯз пеши кас магӯй,
Хона чун вайрон шавад, мушкил бувад таъмири ӯ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close