ПОРАҲО

Гулпарӣ, чашмат ҷило дорад аҷаб,
Қадду болои туро созам ваҷаб.
Хотират оё намегиред ғубор,
Назди ту оям агар моҳи Раҷаб?

Эй духтари арғуштӣ,
Бо ноз маро куштӣ.
Дар Кавсари чашмонат
Ҷону дили мо шустӣ.

Гуфтанд, ки гандаро бало нест,
Хубони ҷаҳонро, чун бақо нест.
Бишкаст агар ки шишаи ишқ,
Донед, бар дарди дил даво нест.

Чашмони хуморат-ба мурам, духтари холла,
Як бор биё сӯи мани ошиқу вола.
То ин ки шавам маст зи чашмони қашкангат,
Аз Кавсари чашми ту бинӯшам ба пиёла.

Ватан, ту мисли модарӣ,
Ба ҷону дил баробарӣ.
Барои манн дар ин ҷаҳон
Ту такягоҳу ёварӣ.

Дилбарам, ҷонам, азизам, гавҳарам,
Чун ту ҳастӣ мисрае дар дафтарам,
Як шанбе оӣ агар бар кулбаам,
Гирамат бо шавқу рағбат дар барам.

Лабамро бар лабат монам, азизам,
В-аз он лабҳои нӯшин бӯса чинам.
Ҳаловат мебарам аз дидани ту,
Дилам хоҳад, туро ҳар лаҳза бинам.

Ҷаовнӣ меравад мананди тири аз камон рафта,
Ба қадраш мерасӣ дар вақти пирӣ, чунки он рафта.
Намеояд ҷавонӣ бозпас мегӯям гуфтам,
Зи бас, ки дар назар монанди дарёи равон рафта.

Эй духтари дар пушта,
Нози ту маро кушта.
Зулфони перешонат
Дар пушти барат шишта.

Эй Худоё, худ туӣ ҳоҷатбарор,
Ҳар куҷое хоҷати моро барор.
Такягоҳи мо тӯи дар зиндагӣ,
Дар дили мо тухми шайтонро макор.

Садои тик-тики соат
Моро огоҳ бинмояд.
Ва бо такрор мегӯяд,
Ки умри рафтаат н-ояд.

Бар зулфианбарини ду дастам агар рассад,
Бигрифта бӯй кардаву бар дида менихам.
Дар нози пур аз рози ту, соҳибҷамоли манн,
Барчидабӯсааз лабу бар лабат ниҳам.

Дӯстон, дар хар куҷову ҳар кӣ бошед,
Кинаҳо аз дили бароред.
Бо самимият, саодат, ба муҳаббат
Дасти ҳамдигар бигиред фишоред.

Зиндагонии гуворо, бебаҳо аз ваҳдат аст,
Суҳбати ёрони ҷонӣ бехато аз ваҳдат аст.
Қадри ёри дӯстони ҷоният, Мирзо, бидон,
Роҳи бахти мо дурахшон бебаҳо аз ваҳдат аст.

Ниҳодастӣ бар шаст,
Муборак бошад, ей дӯст.
Сарафрозӣ насибат бод,
Худо ёр бошадад, эй дӯст.

Салому сад салом, устод,
Муборак ҷашнатон, устод.
Сарафрозӣ муборак бод!
Худододаст истеъдод.

Вахдат чӣ бувад, агар ки пурсанд,
Гӯед ба овози баланд мушт.
Таҳлил намудам ин суханро,
Ҷаъми ҳама панҷагон бувад мушт

Мастию мадҳушии ту аз ниигоҳат равшан аст,
Чашми хуморат, азизам, новаки сайдафкад аст.
Тарзи рафторат базебу нақши поҳоят базеб,
Атласу кимҳо, ки дорӣ бар танат, то дома наст.

Набошад худ хислатҳо ба инсон:
Сияҳкорӣ,
Ситамгорӣ,
Бахилӣ.
Ва бошад хуб хислатҳо ба инсон:
Далерӣ,
Сарфарзӣ,
Дилнавозӣ.

Дӯстони ҷонӣ андар зиндагонӣ
Зиндагиро зиндаву зебо кунанд.
Дӯстонӣ нонӣ андар зиндагӣ
Хурда нони касс, варо расво кунанд.

Дӯстоне ки забонӣ, бингаред,
Ҳар куҷое ғайбати моро кунанд.
Дӯстони ҷонии мо доимо
Меҳру шавқатро ба дилҳо ҷо кунам

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close