Произведения Омара Хаяма

400
Ман бе маи ноб зистан натвонам,
Бе чом кашид бори тан натвонам.
Ман бандаи он дамам, ки гуяд соқи,
« Як чоми дигар бигир»-у ман натвонам.
401
Ман дар рамазон руза агар мехурдам,
То занн набари, ки бехабар мехурдам.
Аз меҳнати руза рузи ман чун шаб буд,
Пиндошта будам, ки саҳар мехурдам.
402
Манн зоҳири нестию ҳасти донам,
Манн ботини ҳар фарозу пасти донам.
Бо ин хама дониши худ шарман бод,
Гар мартабае варон масти донам.
403
Ман май на зи баҳри тангдасти нахурам,
Ё аз ғами раствоиву масти нахурам.
Ман май зи барои хушдили мехурдам,
Акнун, ки ту бар дилам нишасти, нахурам.
404
Не аз сарукор бо халал метарсам,
На низ зи нуқсони амал метарсам.
Хавфам зи гунаҳ нести, ки ҳасти ту карим,
Аз собиқаи рузи азал метарсам.
405
Майлам ба шароби ноб бошад доим,
Гушам ба наю рубоб бошад доим.
Гар хоки маро кузагарон куза кунанд,
Он куза пур аз шароб бошад доим.
406
Ҳаргиз ба тараб шароби нобе нахурам,
То аз кафи андуҳ шаробе нахурам.
Ноне назанам дар намаки ҳеч касе,
То аз чигари хеш кабобе нахурам.
407
Ҳушёр набудаам даме то ҳастам,
Гар худ шаби қадр бошад, он шаби мастам.
Лал бар лаби чому сина бар синаи хум,
То руз ба гардани сурохи дастам.
408
Якчанд ба кудаки ба устод шудем,
Якчанд ба устодии худ шод шудем.
Поени сухан шунав, ки моро чи расид,
Чун абр дар омадему чун бод шудем.
409
Якчанд ҳарифи бодаву чом шудем,
Дуздида ба хонаи дилором шудем.
Тарсидани мо чунки зи бадноми бувад,
Акнун зи чи тарсем, ки бадном шудем.
410
Як даст ба мусҳафему як даст ба чом,
Гаҳ назди ҳалолему гаҳе назди ҳаром.
Моем дар ин чаҳон нопухтаи хом,
На кофири мутлақ, на мусулмони тамом.
411
Як руз зи банди олам озод наям,
Як дам задан аз вучуди худ шод наям.
Шогирдии рузгор кардам бисёр,
Дар кори чаҳон ҳануз устод наям.
412
Он чисми пиёла бин ба чон обастан,
Ҳамчун самане ба аргувон обастан.
Не, не ғалатам, ки бода аз ғояти лутф,
Обест ба оташи равон обастан.
413
Онро, ки вуқуф аст бар аҳволи чаҳон,
Шодиву ғами чаҳон бар у шуд яксон.
Чун неку бадии чаҳон ба сар хоҳад шуд,
Хоҳи ҳама дард бошу хоҳи дармон.

414
Аз гардиши ин доираи бепоён,
Бархурдори ду навъ мардумро дон:
Ё бохабаре тамом аз неку бадаш,
Ё бехабаре аз худу аз ҳоли чаҳон.
415
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугуи ману ту,
Чун парда барафтад на ту мониву на манн.
416
Эй дида, агар кур най гур бубин,
В-ин олами пурфитнаву пуршур бубин.
Шоҳону сарону сарварон зери гиланд,
Руҳои чу маҳ дар даҳани мур бубин.
417
Эй монда шабу руз ба дунё нигарон,
Андеша намекуни ту аз рузи гарон.
Охир ба худ ою нек бингар як дам,
К-айём чи гуна мекунад бо дигарон.
418
Акнун, ки занад ҳазордастон дастон,
Чуз бодаи лаъл аз кафи мастон маситон.
Бархезу биё ки гули шоди бишкуфт,
Рузе ду-се доди худ зи бустон биситон.
419
Бархезу махур ғами чаҳон гузарон,
Биншин даме ба шодмони гузарон.
Дар табъи замона гар вафое буди,
Навбат ба ту худ наёмади аз дигарон.
420
Бар синаи ғампазири ман раҳмат кун,
Бар ҳоли дили асири ман раҳмат кун.
Бар пои харобатрави ман бахшой,
Бар дасти пиёлагири ман раҳмат кун.
421
Бар мачмуи ақл зиндагони кардан,
Чун ман бикуни ки метавони кардан.
Устоди ту рузгори чобукдаст аст,
Чандон ба сарат занад, ки дони кардан.
422
Бишнав зи ман эй зубдан ёрони куҳун,
Андеша макун з-ин фалаки бесару бун.
Бар гушаи арсаи қаноат биншин,
Бозичаи чархро тамошо мекун.
423
То битвони хидмати риндон мекун,
Бунёди намозу руза вайрон мекун.
Бишнав сухани рост зи Хайём, эй дуст,
Май мехуру рах мезану эҳсон мекун.

424
То чанд куни хидмати дунону хасон?
Чон бар сари ҳар чуъма манеҳ чун магасон.
Ноне ба ду руз бихур, макаш миннати касс,
Хуни дили худ хури, на аз нони касон.
425
То кай ғами он хурам. к-аз ин чархи куҳун,
Аҳволи маро на сар падид асту на бун?
З-он пеш, ки рахт аз ин саро барбандам,
Соқи бидеҳам май, ки ҳамин аст сухан
426
Дар домани ин чархи нав ангез кухун,
Бо дусту ту сар зи як гиребон як кун.
Дасте, ки замонаро на сар ёфт на бун,
Кутах макун аз май ки дароз аст сухан.
427
Рафтам, ки дар ин манзили бедод будам,
Дар даст нахохад ба чуз аз бод будан.
Онро бояд ба марги ман шод будан,
К-аз дасти ачал тавонад озод будан.
428
Рузе, ки гузашт аз у дигар ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Холи хуш бошу умр бар бод макун.
429
З-ин гунбади гарданда бадафъоли бин,
В-аз чумла дустон чахон холи бин.
То битвони ту як нафас худро бош,
Фардо манигар, ди маталаб, холи бин.
430
Конеъ ба як устухон чу каргас будан,
Бех з-он, ки туфайлаш хони нокас будан.
Бо нони навини хеш, хакко, ки бех аст,
К-олуда ба полудаи хар кас будан.
431
Кавме муттафакиранд дар мазхабу дин,
Чамъе мутахаййиранд дар шаку якин.
Ногох мунодие барояд зи камин,
К-эй бехабарон рох на он асту на ин.
432
Говест дар осмову номаш Парвиз,
Як гови дигар нухуфта дар зери замин,
Чашми хирадат кушову чун ахли якии,
Зеру забари ду гов муште хар бин.
433
Гар бар фалакам даст буди чун яздон,
Бардоштаме маи ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расиди осон.

434
Гуянд маро, ки май бихур камтар аз ин,
Охир ба чи узр бар надори сар аз ин?
Узрам рухи ёру бодаи субхдам аст,
Инсоф бидех, чи узр равшантар аз ин?.
435
Мискин дили дарманди девонаи ман,
Хушёр нашуд зи ишки чононаи ман.
Рузе, ки шароби ошики медоданд,
Дар хуни чигар заданд паймонаи май.

436
Машнав сухани замонасоз омадагон,
Май гир мураввак аз Тироз омадагон.
Рафтанд ягон-ягон фароз омадагон,
Кас менадихад нишони бозомадагон.
437
Май хурдану гирди некувои гардидан,
Бех з-он, ки ба зарк зохиди варзидан.
Гар ошику маст дузахи хохад буд,
Пас руи бихишт кас нахохад дидан.
438
Натвон дили шодро ба гам фарсудан,
Вакти хуши худ ба санги мехнат судан:
Дар дахр донад, ки чи хохад будан,
Май бояду маъшуку ба ком осудан.
439
Нангест ба номи нек машхур шудан,
Ор аст зи чаври чарх ранчур шудан.
Хаммор ба буи оби ангур шудан,
Бех з-он, ки ба зухди хеш машхур шудан.
440
Обе будем дар камар бинхода,
Аз оташи шахвате бурун афтода.
Фардост, ки бод хоки моро бибарад,
Хуш мегузарад ин ду нафас бо бода.
441
Он бодаи хушгувор бар дастам нех,
В-он согари чун нигор бар дастам нех.
Он май, ки чу занчир бипечад бар худ,
Девона шудам, биёр бар дастам нех.
442
Аз оташу боду обу хокем хама,
Дар олами кавн дар халокем хама.
То тан бо мост, дар магокем хама,
Чун тан биравад равон покем хама.
443
Аз дарси улум чумла бигрези бех,
В-андар сари зулфи дилбар овези бех.
З-он пеш, ки рузгор хунат резад,
Ту хуни пиёла дар кадах рези бех.

474
Он моя зи дуне, ки хури ё пуши,
Маъзури, агар дар талабаш мекуши.
Боқи ҳама ройгон наярзад хуш дор,
То умри гаронмоя бад-он нафруши.
475
Ибриқи ман маро шикасти, рабби,
Бар ман дари айшро бибасти, рабби.
Бар хок бирехти ман ноби маро,
Хокам ба дахан, магар ту масти, рабби.
476
Аз омадани баҳору аз рафтани дай,
Авроқи вучуди мо ҳамегардад тай.
Май хур, махур андуҳ, ки гуфтааст ҳаким,
«Ғамҳои чаҳон чу заҳру тарёкаш май».
477
Аз дафтари умр баргирифтам фоле,
Ногоҳ зи сузи сина соҳибҳоле.
Мегуфт: «Хушо касе, ки андар бари у
Ерест чу моҳеву шабе чун соле».

478
Аз кузагаре куза харидам боре,
Он куза сухан гуфт зи ҳар асроре.
«Шоҳе будам, ки чоми зарринам буд,
Акнун шудам кузаи ҳар хаморе».
479
Аз матбаҳи дуне ту ҳама дуд хури,
То чанд ғами будаву нобуд хури?
Сармоя нахоҳи, ки чаве кам гардад,
Моя, ки хурад чу ту хама суд хури?.
480
Афтод маро бо маю масти коре,
Ҳалқам зи чи мекунад маломат боре?
Эй кош, ки ҳар ҳарром масти карди,
То ман ба чаҳон надидаам ҳушёре.
481
Эй он, ки натичаи чаҳору ҳафти,
В-аз ҳафту чаҳор доим андар тафти.
Май хур, ки ҳазор бор бешат гуфтам,
«Боз омаданат нест, чу рафти, рафти».
482
Эй бода ту маъшуқи мани шайдои,
Ман мехураму натарсам аз расвои.
Чандон хураме, ки ҳар ки бинад, гуяд:
«Эй хоча шароб, аз кучо меой?».
483
Эй бодаи хушгувор, дар чом беҳи,
Бар пои хирад тамом банду гиреҳи.
Ҳар кас, ки зи ту хурад амонаш надиҳи,
То гавҳари рад амонаш надиҳи,
То гавҳари у бар кафи дасташ наниҳи.
484
Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок куни,
Пироҳани хушдили ман чок куни.
Боде, ки ба ман вазад, ту оташаш сози,
Обе, ки хурам дар даҳонам хок куни.
485
Эй чарх ҳама хасисро чиз диҳи,
Гармобаву осиёву даҳлез диҳи.
Озода ба нони шаб гаравгон биниҳад,
Бояд, ки ба инчунин фалак тиз диҳи.
486
Эй дил ту ба идроки муаммо нараси,
Дар нуқтаи зиракони доно нараси.
Ин чо, ки биҳишт аст, раси ё нараси,
К-он чо, ки биҳитш аст, раси ё нараси.
487
Эй даҳр ба кардаҳои худ муътарифи,
Дар зовияи чавру ситам муътакифи.
Неъмат ба хасон диҳиву заҳмат ба касон,
З-ин ҳар ду бурун нест: хари ё ҳарифи.
488
Эй ғамзада, бода нуш то шод шави,
В-аз банди ғами замона озод шави.
З-он оби ҳайёт оташе дар ғам зан,
З-он пеш, ки ҳамчу хок барбод шави.
489
Эй кош, ки чои орамидан буди,
Ё ин раҳи дурро расидан буди.
Кош аз паи сад ҳазор сол сз дили хок,
Чун сабза умеди бардамидан буди.
490
Эй кузагаро, бикуш, агар ҳушёри,
То чанд куни бар гили одам хори?
Ангушти Фариддуну кафи Кайхусрав,
Бар чарх ниҳодаи, чи мепиндори?.
491
Ин аст тариқи риндиву авбоши,
Гар даҳр пур аз боло бувад, хуш боши.
Дар вақти хушии ҳама касон хуш бошанд,
Шарт аст, вақти нохуши хуш боши.
492
Бо ману ту ҳар он чи гуи аз кин гуй,
Пайваста маро мулҳиду бедив гуй.
Ман худ муқир(р)ам бад-он чи гуи, лекин
Инсоф бидеҳ туро расад, к-ин гуй.
493
Бар раҳгузарам ҳазор чо дом, ниҳи,
Гуи, ки бигирамат агар гом ниҳи.
Як зарра зи ҳукми ту чаҳон холи нест,
Ҳукмам ту куниву осиям ном ниҳи.

494
Бар санг задам душ сабуи коши,
Сармаст будам, ки кардам ин авбоши.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт сабу:
«Ман чу ту будам, ту низ чу ман боши».
495
Бар кузагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бехабаре,
Хоки падарон дар дасти ҳар кузагаре.
496
Баргир зи худ ҳисобе, ар бохабари,
В-аввал ту чи овардиву охир чи бари?
Гуи: «Нахурам бода, ки мебояд мурд»,
Мебояд мурд, агар хури ё нахури.
497
Пире дидам ба хонаи ҳамморе,
Гуфтам: «Накуни зи рафтагон ахборе?»
Гуто: «Май хур, ки ҳамчу мо бисёре
Рафтанду як бознаёмад боре».

498
То чанд зи ёсину барот, эй соқи,
Бинвис аз майхона барот, эй соқи.
Рузе, ки бароти мо ба майхона баранд,
Он руз беҳ аз шаби барот, эй соқи.
499
То дар тани туст устухону рагу пай,
Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай.
Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш, ар дуст бувад Хотами тай.
500
Тан зан, чу ба зери фалаки бебоки,
Май нуш, чу дар чаҳони офатноки.
Чун аввалу охират ба чуз хоке нест,
Ангор, ки бар хоки най, дар хоки.
501
Тунге май лаъл хоҳаму девоне,
Садди рамақс бояду нисфи ноне.
В-он гаҳ ману ту нишаста дар вайроне,
Айше бошад на ҳади ҳар султоне.
502
То кай зи ғами замона маҳзун боши?
Бо чашми пуробу дили пурхун боши?
Май нушу бо айш кушу хушдил мебош,
З-он пеш, ки аз ин доира берун боши.
503
Чандон, ки нигоҳ мекунам ҳар суе,
Аз сабза биҳиштесту зи кавсар чуе.
Саҳро чу биҳишт шуд, зи кавсар кам гу,
Биншин ба биҳишт бо биҳиштируе.
504
Чандин ғами беҳуда махур, шод бизи,
В-андар раҳи бедод ту бо дод бизи.
Чун охири кори ин чаҳон нести аст,
Ангор, ки нестиву озод бизи.
505
Чун огаҳи, эй дуст, зи ҳар асроре,
Чандин чи хури ба беҳуда теморе?
Чун менаварад ба ихтиёрат коре,
Хуш бош дар ин нафас, ки ҳасти боре.
506
Чун ҳаст замона дар шитоб, эй соқи,
Барнеҳ ба кафам чоми шароб, эй соқи.
Ҳангоми сабуҳ куфл аз дар бикшо,
Май деҳ, ки баромад офтоб, эй соки.
507
Ҳоли дили хастаи гадо медони,
В-ин дарди дили маро даво медони.
Бо ту чи кунам қиссаи дарди дили хеш?
Ногуфта чу дарди дили мо медони.

508
Хоҳи, ки асоси умр маҳкам ёби,
Якчанд ба олам дили хуррам ёби.
Фориғ манишин зи хурдани бодаи соф,
То лаззати умри худ домодам ёби.
509
Хоҳи, ки писандидаи айём шави,
Мақбулу қабули хоссаву ом шави.
Андар паи муъмину чуҳуду тарсо,
Балгуй мабош, то накуном шави.
510
Хуш бош, ки пухтаанд савдои ту ди,
Эмин шуда аз ҳама таманнои ту ди.
Ту шод бизи, ки бе тақозои ту ди,
Доданд қарори кори фардои ту ди.
511
Дони, ки сапедадам хуруси саҳари,
Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагари?
Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ,
К-аз умр шабе гузашту ту бехабари.

512
Дардеҳ ман лаъли лолагуни софе,
Бикшой зи халқи шиша хуни софе.
К-имруз бурун зи чоми май нест маро,
Як дуст, ки дорад андаруни софе.
513
Дардеҳ ман лаъли мушкбуй, эй соқи,
То бозраҳам зи гуфтугуй, эй соқи.
Як кузаи май бидеҳ аз он пеш, ки даҳр,
Хоки ману ту кунад сабу, эй соқи.
514
Дар дида ба чон об нам боисти,
Ё бо ғами у сабр ба ҳам боисти.
Ё умр ба андозаи ғам боисти,
Ё мояи ғам чу умр кам боисти.
515
Гар ҳаст туро дар ин чаҳон дастрасе,
Хон, то назани ту чуз ба неки нафасе.
Пеш аз ману ту биёзмуданд басе,
Дунё накунад ба ғайри озори касе.
516
Дар коргаҳи кузагаре кардам рой,
Дар пояи чарх дидам истода ба пой.
Мекард далер кузаро даставу сар,
Аз каллаи подшоҳу аз пои гадой.
517
Дар гушаи дилам гуфт фалак пинҳони,
«Ҳукме, ки қазо бувад зи ман медони,
Дар гардиши хеш агар маро дасте буд,
Худро бираҳондаме зи саргардони».
518
Рузе, ки рухам ба ранги оби ёби,
Дар кунчи дилам басе хароби ёби.
Дар баҳри ду дидаам агар ғута зани,
Гар гум нашави, мардуми оби ёби.
519
З-он кузаи май, ки нест дар вай зараре,
Пур кун қадаҳе, бихур, ба ман деҳ дигаре.
З-он пештар, эй санам, ки дар раҳгузаре,
Хоки ману ту куза кунад кузагаре.
520
Зинҳор, кунун, ки метавони боре,
Бардор зи хотири азизон боре.
К-ин мамлакати ҳусн намонад човид,
Аз дасти ту ҳам бурун равад якборе.
521
Созандаи кори мурдаву зинда туи,
Дорандаи ин чархи пароканда туи.
Май гарчи бадам, хочаи ин банда туи,
Касро чи гунаҳ, чу офаринанда туи?.

522
Шамъ асту шаробу моҳтоб, эй соқи,
Дар шиша мае чу лаъли ноб, эй соқи.
Аз хок нагу ин дили пуроташро,
Барбод мадеҳ, биёр об, эй соқи.
523
Шайхе ба зани фоҳиша гуфт: «Масти,
Ҳар лаҳза ба доми як кас побасти».
Гуфто: «Шайхо, ҳар он чи гуи, ҳастам,
Аммо ту чунон ки менамои, ҳасти?».

524
Субҳе хушу хуррам аст, хез, эй соқи,
Дар шиша кун он шароби аз шаб боқи.
Чоме ба ман овару ғанимат медон,
Ин якдама нақдрову фардо боқи.
525
Гар омаданам ба ман буди, н-омадае,
В-ар низ шудан ба ман буди, кай шудаме?
Беҳ зи он набуди, ки андар ин дайри хароб,
На омадаме, на шудаме, на будаме.
526
Гар чинси маро хосса бидонад соқи,
Сад фасл зи ҳар навъ биронад соқи.
Чун вомонам ба расми худ бода диҳад,
В-аз ҳадди худам даргузаронад соқи.
527
Гар хидмати ҳар тане куни, чон боши,
В-ар чон боши, ҳамдами чонон боши.
Меҳмони сарои ту агар мур бувад,
Беҳ з-он, ки ту меҳмони Сулаймон боши.
528
Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,
Бар майлу муроди қазо доштаме.
Ғамро зи чаҳон яксара бардоштаме,
В-аз шоди сар ба чарх афроштаме.
529
Гар даст диҳад зи мағзаи гандум ноне,
В-аз май кадуе, зи гусфанде роне.
Бо моҳрухе нишаста дар вайроне,
Айшест, ки нест ҳадди ҳар султоне.
530
Гар з-он, ки ба даст афтад аз май ду мане,
Май нуш ба ҳар маҳфилу ҳар анчумане.
К-он кас, ки чунин кард, фароғат дорад,
Аз сиблати чун туеву риши чу мане.
531
Гар шуҳра шави ба шаҳр, шаррунноси,
В-ар гушанишин шави, ҳама васвоси.
Он беҳ, ки агар Хизр, агар Ильёси,
Кас нашносад туро, ту кас нашноси.

532
Гар кофи фалак ба адл санчида буди?
Аҳволи фалак чумла писандида буди.
В-ар адл буди ба корҳо дар гардун,
Кай хотири аҳли фазл ранчида буди?.
533
Гуянд: «Махур май, ки дар оташ боши,
Дар рузи мукофот балокаш боши».
Ин ҳаст, вале зи ҳарду олам бехтар,
Ин якдама, к-аз шароб сарх(в)аш боши.

534
Хон, то бари мастон ба дурушти нашави,
Ё аз дари некувон ба зишти нашави.
Май хур, ки ба хурдану ба нохурдани май,
Гар олати дузахи, биҳишти нашавад.
535
Ҳарчанд зи дасти даҳр ғамкаш боши,
В-аз чавру чафон чарх нох(в)аш боши.
Зинҳор зи дасти нокасон оби зулол,
Бар лаб мачакон, гарчи дар оташ боши.
536
Ҳангоми сабуҳ, эй санами фаррухпай,
Барсоз таронаеву пеш овар май.
К-афканад ба хок сад ҳазорон Чаму Кай,
Ин омадани тирмаҳу рафтани дай.
537
Ё раб, бикушой бар ман аз ризҳ даре,
Бе миннати ин хасон расон моҳазаре.
Аз бода чунон маст нигаҳ дор маро,
К-аз бехабари набошадам дарди саре.
538
539
Чононакеву кунчаки хонакаке,
В-он гаҳ зи шароби ноб паймонакаке.
Гар даст диҳад вагарна варонакаке,
В-аз бехи зумурради ба каф донакаке.
540
Ид омаду корҳо наку хоҳад кард
Чун руи арус,
Соқи ман лаъл дар сабу хоҳад кард
Чун чашми хурус.
Афсори намозу пузабанди руза
Як бори дигар,
Ид аз сари ин харон фуру хоҳад кард
Афсус, афсус.

 

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close