Пушти пой

Бедмаҷнунам, сари худ дидаам дар пойи хеш.
Гар зананд оташ намеҷунбам чу шамъ аз ҷойи хеш.
Косаи гирдобаму абри тамаъҷӯ нестам,
Медиҳад чашмам ба мардум об аз дарёи хеш.
Мезанам бар остони аҳли давлат пушти по,
То ба даст овардаам домони истиғнои хеш.
Гӯшаи вайрона шаҳристон намояд ҷуғзро,
Гирдбодам меравам дар домани саҳрои хеш.
Дар дукон дорам матои касмаёбу касмахар,
Рӯзгоре шуд хиҷолат дорам аз колои хеш.
Даст кӯтаҳ кардаам аз базми аҳли рӯзгор,
Мебарам холӣ аз ин майхонаҳо минои хеш.
Дар қафас афтодаму сайёди ман огаҳ нашуд,
Доғам аз дасти ба дом афтодани беҷои хеш…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close