ҒАЙБАТ – ГУНОҲ

Бошед мардум бохабар,
Ғайбатчие ояд агар.
Ҷуз ғайбати ҳамсояҳо,
Ҳарфе намегӯяд дигар.
Аз нокасон нокастар аст,
Бовар  кунед мардум агар.
Ғайбат, ки ҳаст кори гуноҳ,
Ҳар кас аз ин дорад  хабар.
Хуб не нишастан назди ӯ,
Дуртар аз ӯ хуб дуртар.
Не панди пирон гӯш кард,
Нашнид насиҳад аз падар.
Ҳаргиз китобе ӯ нахонд,
Не шуд зи дониш баҳравар.
Аз одаму одамгарӣ,
Оре, надорад ӯ хабар.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail