Раб кист?

Ҳаҷраш оҳир кард хуррам ҷони афгори маро,
Оқибат ин дард сиҳҳат дод бемори маро.
Аз чаман берун нахоҳам бурд мижгони дурушт,
То насозад гул ба доман боғбон хори маро.
Домани пурсанг ин ҷо ҳамчу кӯҳ истодаам,
Сел натвонад зи ҷо ҷунбонд девори маро.
Аз сари мастӣ кунад дар пойи минбар рақсҳо,
Бар сари воиз агар монанд дастори маро.
Тоби ишқи лоларухсорон надорам беш аз ин,
Рӯзии оташ макун, ё Раб, хасу хори маро.
Сайидо, фикри ман аз шабзиндадорӣ шуд баланд,
Ҳаққи бисёр аст бо ман чашми бедори маро.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close