РАҚҚОСА

Пое бикӯбад бар замин,
Дасте барорад бар фалак.
Чашмак занад чун ахтаре,
Гесӯ фишонад чун малак.
Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед.
Чархиданош, печиданош, ларзиданоша бинед.
Аз обутоби ҳусни ӯ
Гарданд об ойинаҳо.
Ҷӯшад зи мавҷи доманаш
Мавҷи ҷунун аз синаҳо.
Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед.
Чархиданош, печиданош, ларзиданоша бинед.
Баргу навои ошиқон
Дар рӯи чун барги гулаш.
Сад печутоби ҷону дил
Дар печутоби кокулаш.
Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед.
Чархиданош, печиданош, ларзиданоша бинед.
Сар то ба по нозу адо,
Мижгонсияҳ, кокулдароз.
Арғушти бишкан-бишканаш
Ҳам дилшикан, ҳам дилнавоз.
Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед.
Чархиданош, печиданош, ларзиданоша бинед.
22.11.1983

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close