Рафти ту бо дигар

Маро дар баҳри ғам чун мавҷи об андохтӣ, рафтӣ,
Ба ҷисми лоғари ман печутоб андохтӣ, рафтӣ.
Шитоболуд вақти субҳидам рахти сафар бастӣ,
Ба ҷонам ҳамчу симоб изтироб андохтӣ, рафтӣ,
Карам фармуда аҳволам напурсидӣ, чӣ зулм аст ин?
Ҳалокам сохтӣ, по дар рикоб андохтӣ, рафтӣ.
Ба лаб мӯҳре задӣ чун ғунчаи гулшан зи маҳбубӣ,
Ба рух аз сояи мижгон ниқоб андохтӣ, рафтӣ.
Надорам бе ту, эй кони малоҳат, як дам ороме!
Ба захми ман намак ҳамчун кабоб андохтӣ, рафтӣ.
Маҳи ман, пардаҳои чашми худ фарши раҳат кардам,
Ба хунам шустиву дар Офтоб андохтӣ, рафтӣ.
Ба доғам ашк пошидӣ, ба хунам даст олудӣ,
Ба чашмам оташ афгандӣ, дар об андохтӣ, рафтӣ.
Ниҳодӣ рӯ ба роҳу ваъдаи бозомадан кардӣ,
Маро аз интизорӣ дар азоб андохтӣ, рафтӣ…
Ба суйи Сайидои хеш кардӣ гӯшаи чашме,
Ба як паймона май масту хароб андохтӣ, рафтӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close