РАНҶИ ДЕҲҚОН

Рӯи сурху чашми серу хотири шод,
Файзи умру нури бахти халқи озод,
Хонаи ободу ободии даврон –
Бошад аз дастони деҳқон,
Дасти пурэҳсони деҳқон.
Куллиёти ашъор 303
Хандаи лаб, нашъаи дунёи зебо,
Хоби нӯшин, лаззати умри гуворо.
Чилчароғон дар шаби тӯи арӯсон –
Бошад аз дастони деҳқон,
Дасти пурэҳсони деҳқон.
Сина мисли киштзоронаш кушода,
Умри ӯ бодо дар ин даврон зиёда,
К-ин ҳама нуқлу навою хони алвон –
Бошад аз дастони деҳқон,
Дасти пурэҳсони деҳқон!* * *
Барф борид –
барфи печон, барфи рақсон,
Пора-пора, бешумора.
Дар кафи ҳар барг сими реза дод,
Бар дарахтон хилъати покиза дод,
Ҳар дарахти камбари рухзардро
Тоҷи симандуд дар торак ниҳод.
Барф борид –
барфи хандон, барфи рахшон,
Ришта-ришта, тора-тора,
Тору пуд абрешимӣ –
Тӯри симин бофт дар болои шаҳр.
Бофт як қасри бузург
Бар сари паҳнои шаҳр.
Барф борид –
дона-дона, ошиқона.
Бар сари рухсори маҳрӯён нишаст,
Бар сари абрӯю бар мижгон нишаст.
Дар баногӯше давиду об шуд,
Дар хами ҳар кокули печон нишаст.
Барф борид –
барфи равшан, покдоман.
Модари меҳнатнасиби мо – Замин
Ҷомахоби оҳарӣ бар рӯ кашид,
Орамид…
То баҳорон хоби хуш,
Эй Замин,
Эй модари чодарсафед!
1975

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail