Рашк бинмуда

Рашк бинмуда ман аз ҳоли лабаш пурсидам:

Ки бигӯй, эй хинду

Посбони шакарӣ?

ё ки тороҷгари лаъли лабаш?

Е ҳарду?

Холи лаб фахркунон,—

Гуфт:

— Хокистари як ошиқи овора ба рӯи оташ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close