РЕСПУБЛИКАИ МАН

I
Бо номи ту сар кардам
Шеъру ғазали худро,
Нав-нав зафарат ҳар дам
Илҳом диҳад бар мо,
Фарзанди ту ҳастам ман,
Ҷон бод фидои ту,
Паймон нашикастам ман
Дар роҳи вафои ту,
Республикаи ман,
Республикаи ман!
II
Ҳар гаҳ ки ба ҷӯш оял
Савти дили шоди ту,
Ҳар гаҳ ки ба гӯш ояд
Овози заводи ту,
Илҳом ба ҷӯш ояд
Чун баҳри ҳати ту,
Ҳар кӯҳи калони ту
Ганҷинаи халқи мост,
Ҳар оби равони ту
Ганҷинаи барқи мост.
Республикаи ман,
Республикаи ман!
III
Мо пахтаи тоҷикро
“Тиллои ватан” – гуфтем.
Шодона ба васфаш мо,
Бо шеър сухан гуфтем,
Ҳар бор, ки дар водӣ
Гул мекунад ӯ хушрӯ,
Гул мекунад аз шодӣ
Рухсораи халқи ту,
Республикаи ман,
Республикаи ман!
IV
Раҳҳои васеъ дорӣ,
Бечангу ғуборастанд,
Шуғнонию фархорӣ
Мошинасаворастанд.
Бо кӯчаи Ленин тез
Ҳастем равон имрӯз
Ба ҳар ҷониби коммунизм
Бо хулқи бузургги рус.
Республикаи ман,
Республикаи ман!
V
Ин сарвати ту бар мо
Иқболи дурахшон аст,
Имрӯз калидашро
Додӣ та ба мо дар даст.
Ҳар зарраи хокатро,
Чун дида нигаҳбонем,
Бадхоҳи туро асло,
Бе зарба намемонем,
Республикаи ман,
Республикаи ман!
VI
Дар нашъунамо ҳастӣ,
Оина ба гетиӣ,
Ҷон бар тани мо ҳастӣ,
Азбаски советиӣ!
Дар оилаи аъзам
Андар бағали Маскав
Бинмой зафар ҳар дам,
Хуб аст зафар нав-нав.
Бар Партияву Ленин
Таъзиму ташаккур бод!
Аз чанги аҷал онҳо
Карданд туро озод,
Республикаи ман,
Республикаи ман!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close