ҶӮРОБҲОИ ГУЛДОР

Зочаҷони ширинам
Туро ман мебинам
Ашӯлае хонамат
Ашӯлаам чунин аст
Бишнав ки вай ширин аст
Торикшуд шуд биёбон
Ситораҳо дурахшон
Дар ҳама ҷо аллакай
Хобидаанд бачагон
Хоб кун, Хоб кун ,
Зочаҷон !
Аммо ман хоҳари ту
Мешинам бар сари ту
Мебофам аз бароят
Ҷӯробчаҳои хушрӯ.
Хоб кун,
Зочаҷон !
Пагохӣ вақти наҳор,
Ҳамин ки гашти бедор,
Мебинӣ ки таёранд,
Ҷуробчаҳои гулдор.
Хоб кун, Хоб кун,
Зочаҷон
Мешавӣ шоду хушнуд
Мепӯши онҳоро зуд
Шоди кунон мегӯӣ
Раҳмад ба хоҳари худ
Хоб кун, Хоб кун
Зочаҷон
Сонӣ аз нав ҳардумон
Ба боғчаи кӯдакон
Рафта бозӣ мекунем
Ҳамроҳ ба духдарон
Хоб кун, Хоб кун
Зочаҷон
Тезтар бихоб мегӯям
Надеҳ азооб мегӯям
Чаро чашмад кушода ?
Бидех ҷавоб мегӯям
Хоб кун, Хоб кун
Зочаҷон
Ҷавоб деҳ мешитобам
Намедиҳи ҷавобам
Аз афташ хобидаӣ
Ман ҳам рафта мехобам
Хоб кун
Ширин Зочаҷон
Хоби хуш бин Зочаҷон

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail