РОҲИ БӯСТОН

Саборо гоҳи он омад, ки роҳи бӯстон гирад,
Замонро сабза дар дебову гул дар парниён гирад.
Ҷанҳад аз чашм мавҷи обу ларзоон дар замин афтанд,
Занад бар лола боди тунду оташ дар забон гиран.
Забон аз оташи гуфтан насӯзад, лекин аз савсан

Ҳадиси лола гӯяд, тарсам, оташ дар ҷаҳон гирад.
Тамошо кун, ки чун бигрифт лола кӯҳро доман,
Касе к-ӯ теғ бе муҷиб кашад, хунаш чунон гирад.
Зи ёди ғунча мурғон ба наво баста шавад, то гул
Бисозат пардаи Наврӯзу булбул худ ҳамон гирад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail