РОЗҲО

Пардаҳои тиреза парафшон,
Чашмҳоят ба сӯи ман бозанд.
Ҳалқаи ҷашмҳои ҷодуят
В-он нигаҳҳо барои ман розанд.

Хона ором, чеҳраат ором,
Ман надонам, чӣ розҳо дорӣ.
Аз сукуту хамӯшӣ ҳосил нест,
Бар забон о, ниҳон чаро дорӣ?

Ин ҷавонӣ – таронаи ҷовид,
Лек як бор хонад онро кас.
Месароему мегузоремаш
Баҳри он, к-ӯ биёяд аз мо пас.

Зиндагонӣ насиби ҳар кас нест,
Лек бар марг ҳар кӣ дорад раҳ.
Ёварам бош, то мабод аз яъс
Ношукуфта хазон шавам ногаҳ.

Ишқи ту ё чу шӯълаи мушак,
Як дурахшида пас шавад бар хок?
Ё чу хуршед пас нагардад ҳеҷ
Аз раҳи хеш дар кафи афлок?

Ё чу ҳамёни холие ҳаргиз
Гум шавам ҳам, маро намекобӣ?
Ё лаби об ташна хоҳам буд,
Хоби худро бигуфта бар обе?..

Ё гузорӣ зи обу хокам дур,
Канда аз ҷойгоҳам – аз гулзор,
Чун ниҳоле, ки соҳибаш орад,
Баҳри бифрӯхтан сари бозор?

Ё бирезӣ чу косаи обе,
Бар қади раҳ муҳаббати покам?
Ё бихандӣ ба ҳоли ман аз кибр,
Дида чашми ҳазину ғамнокам?

Ман аёнам, зи ман маҷӯ асрор,
Ман сурудам, зи дил равам бар дил.
Сода мисли ҳақиқатам, лекин
Хору зорам ба дасти ноқобил.

Якдилу якзабону якрӯям,
Гар ту якрӯю якзабон бошӣ.
Бигзарад фасли навҷавоният,
Дар дили ман вале ҷавон бошӣ.

Пардаҳои тиреза парафшон,
Ҷашмҳоят ба сӯи ман бозанд…
Ҳалқаи чашмҳои ҷодуят
В-он нигаҳҳо барои ман розанд…

24.4.1964

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail