Все рубаи Омара Хаяма на родном языке

350
То кай зи абад ҳадису то кай зи азал?
Бигзашт зи андози ман илму амал.
Ҳангоми тараб шаробро нест бадал,
Ҳар мушкилро шароб гардонад ҳал.
351
Чанд аз ғаму ғуссаи чаҳон қолоқол?
Бархезу ба шоди гузарон ҳоло ҳол.
Аз сабз чу шуд руи замин миломил,
Даркаш маи лаъл аз қадаҳ моломол.
352
Кас хулду чаҳимро надидаст, эй дил,
Ку кас, ки аз он чаҳон расидаст, эй дил.
Умеду ҳарроси мо ба чизест, к-аз он,
Чуз ному нишоне на падид аст, эй дил.
353
Май хур ҳамасола соғари моломол,
В-аз сар бигузор ҳар чи савдои муҳол.
Бо духтари раз нишину ишрат мекун,
«Духтар ба ҳаром беҳ, ки модар ба ҳалол».

354
Он руз, ки нест худ шароби покам,
Заҳре бувад ар даҳр диҳад тарёкам.
Заҳр аст ғами гетиву тарёкаш май,
Чун май хураме зи заҳр набвад бокам.
355
Ё раб, ту гилам сириштай, ман чи кунам?
Пашму касабам ту риштаи, ман чи кунам?
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вучуд,
Ту бар сари манн навиштаи, ман чи кунам?.
356
Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам,
В-аз бода шавад кушода банди маҳкам.
Иблис агар зи бода хурди чоме,
Карди ду ҳазор сачда пеши одам.
357
Аз халоиқи бахшандаву аз рабби раҳим,
Навмед машав зи чурму исёни-азим.
Гар масту хароби хуфта боши имруз,
Фардо бахшад ба устухонҳои рамим.
358
Афсус, ки бефоида фарсуда шудем,
В-аз тоси сипеҳри сарнагун суда шудем.
Дардову надомато, ки то чашм задем,
Нобуда ба коми хеш но буда шудем.
359
Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям,
Озодам кун, ки лоиқи банд наям.
Гар майли ту бо бехираду ноаҳл аст,
Ман низ чунон аҳлу хирадманд наям.
360
Эй дуст биё ғами фардо нахурем,
В-ин якдама умрро ғанимат шумарем.
Фардо, ки аз ин руи замин даргузарем,
Ба ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.
361
Эзид чу нахост он чи ман нахостам,
Кай гардад рост он чи ман хостам?
Гар ҳаст савоб он чи у хостааст,
Пас чумла хатост он чи ман хостам.
362
Эй муфтин шаҳр, аз та пуркортарем,
Бо ин ҳама масти аз ту ҳушёртарем.
Ту хуни касон хурию мо хуни разон,
Инсоф бидеҳ кадом хунхортарем.
363
Ин чархи фалак, ки дар у ҳайронем,
Фонуси хаёл аз у мисоле донем.
Хуршед чароғ дону олам фонус,
Мо чун суварем, к-андар у гардонем.

364
Бо нафс ҳамеша дар набардам, чи кунам?
В-аз кардаи хештан ба дардам, чи кунам?
Гирам, ки зи ман дар гузарони ба карам,
З-ин шарм, ки диди, ки чи кардам, чи кунам?.
365
Пок аз одам омадему нопок шудем,
Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.
Будем зи оби дида дар оташи дил,
Додем ба бод умру дар хок шудем.
366
Бархезаму азми бодаи ноб кунам,
Ранги рухи худ ба ранги уноб кунам.
Ин ақли фузулпешаро муште май,
Бар руй занам, чунон ки дар хоб кунам.
367
Бархезу биё, то ман гулранг кашем,
Бо нағмаи уду нолаи чанг кашем.
Хуш дор, ки айёми таровеҳ гузашт,
Ид асту биё, то манн гулранг кашем.
368
Бархез дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нуш кунем ном бар нанг занем.
Саччода ба як пиёла май бифрушем,
В-ин шишаи зуҳд ба сари санг занем.
369
Бар мафраши хок хуфтагон мебинам,
Дар зери замин нухуфтагон мебинам.
Чандон, ки ба саҳрои адам менигарам,
Ноомадагону рафтагон мебинам.
370
То чанд асири ақли ҳарруза шавем?
Дар даҳр чи садсола чи як руза шавем.
Дардеҳ ту ба коса май аз он пеш, ки мо,
Дар коргари кузагарон куза шавем.
371
То даст ба иттифоқ дар ҳам назанем,
Пое ба нишот бар сари ғам назанем.
Пеш аз гахи субҳидам сабуҳи бизанем,
К-ин субҳ басе дамад, ки мо дамназанем.
372
То занн набари, ки ман ба худ мавчудам,
Ё ин раҳи торик ба худ паймудам.
Чун буду ҳақиқати манн аз у будаст,
Ман худ, ки будам? Кучо будам? Кай будам?.
373
Тарсем, ки чу з-ин беш ба олам нарасем,
Бо ҳамнафасон низ фароҳам нарасем.
Ин дам, ки дар уем, ғанимат шумарем,
Шояд, ки ба зиндаги дар он дам нарасем.

374
Чоно ману ту намунаи паргорем,
Сар гарчи ду кардем, як тан дорем.
Бар нуқта равонем ҳаме доиравор,
То охири кор сар ба ҳам боз орем.
375
Човид наям чу андар ин даҳр муқим,
Пас бе маю маъшуқ хатоест азим.
То кай зи қадиму муҳдас, эй марди ҳаким?
Рафтем чу мо, чаҳон ин муҳдас, чи қадим.
376
Худро шабу руз дар шароб андозам,
В-аз чаври фалак масту хароб андозам.
Чун киштии умр ғарқа хоҳад гаштан,
Он беҳ, ки сипар бар сари он андозам.
377
Хуршед ба гил нухуфт менатавонам,
В-асрори замона гуфт менатвонам.
Аз баҳри тафаккурам бароварда хирад,
Дуре, ки зи бим суфт менатвонам.
378
Дар пои ачал чу ман сарафканда шавам,
В-аз бехи умеди умр барканда шавам.
Зинхор, гилам ба чуз суррохи макунед,
Бошад, ки зи бода пур шавад, зинда шавам.
379
Дар ишқи ту сад гуна маломат бикашам,
В-ар бишканам ин аҳд, ғаромат бикашам.
Гар умр вафо кунад, чафоҳои туро,
Боре кам аз он, ки то қиёмат бикашам.

380
Дар масчид агар бо ниёз омадаам,
Ҳаққо ки на аз баҳри намоз омадаам.
Рузе ин чо саччодае дуздидам,
Он куҳна шудаасту пора боз омадаам.
381
Душман бо ғалат гуфт, ки манн фалсафиям,
Эзид донад, ки он чи у гуфт наям.
Лекин чу дар ин ғамошён омадаам,
Охир кам аз он, ки ман бидонам, ки киям,
382
Дил фарқ намекунад ҳаме дона зи дом,
Роҳеш ба масчид асту роҳеш ба чом.
Бо ин ҳама мову маю маъшуқ модом,
Дар майкада пухта беҳ, ки дар савмаа хом.
383
З-он пеш, ки аз замона тобе бихурем,
Бо якдигар имруз шаробе бихурем.
Ки ин чархи фалак ба вақти рафтан моро,
Чандон надиҳад амон ки обе бихурем.

384
Душина паи шароб мегардидам,
Афсурда гуле канори оташ дидам.
Гуфтам, ки чи кардаи, ки месузандат?
Гйфто: «нафасе дар ин чаман хандидам».
385
Ин гуна, ки ман кори чаҳон мебинам,
Олам ҳама ройгон бар он мебинам.
Субҳониллаҳ ба ҳра чи дарменигарм,
Нокомии хештан дар он мебинам.
386
Субҳаст даме бар ман гулранг занем,
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.
Даст аз амали дарози худ бозкашем,
Дар зулфи дарозу домани чанг занем.
387
Ку маҳрами роз? То бигуям як дам,
К-аз гоҳи нахуст худ чи будаст одам:
Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,
Якчанд чаҳон бигашту бардошт қадам.
388
Кунчеву ду курс азчаҳон бигзидам,
В-аз давлату ҳашматаш тамаъ бибридам.
Дарвеширо зи чону дил бихридам,
Дар дарвеши тавонгариҳо дидам,
389
Гирди дигаре чи гуна парвоз кунам?
Ё айши туе чи гуна оғоз кунам?
Як лаҳза сиришки дида менагзорад,
То чашм ба руи дигаре боз кунам.
390
Гар ман зи ман муғона мастам ҳастам,
В-ар ошиқу ринду будпарастам ҳастам.
Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, ҳар он чи ҳастам, ҳастам.
391
Гуфтам, ки дигар бодаи гулгун нахурам,
Май хуни разон аст, дигар май нахурам.
Пири хирадам гуфт: «ба чид(д) мегуи?»
Гуфтам, ки мазоҳ мекунам, чун нахурам.
392
Гул гуфт, ки ман Юсуфи Мисри чаманам,
Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам.
Гуфтам: «чу ту Юсуфи нишоне бинамои»,
Гуфто, ки ба хун ғарқа нигар пираҳанам.
393
Гуянд маро, ки майпарастам, ҳастам,
Гуянд маро фосиқу мастам, ҳастам.
Дар зоҳири ман нигоҳ бисёр макун,
К-андар ботин чунон ки ҳастам мастам.

394
Мо афсари хону точи кай бифрушем,
Дастори касаб бо бонги най бифрушем.
Тасбеҳ, ки пайки лашкари тазвир аст,
Ногоҳ ба як пиёла май бифрушем.

395
Моем, ки асли шодиву кони ғамем,
Сармояи додему ниҳоди ситамем.
Пастему баландему зиёдему камем,
Оинаи зангхурдаву чоми чамем.
396
Мо ҳирқаи зухд дар сари хум кардем,
В-аз хоки хаборот таяммум кардем.
Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем,
Он умр, ки дар мадрасаҳо дарёбем.
397
Мо, к-аз маи бехуди тарабнок шудем,
В-аз пояи дун бар сари афлок шудем.
Охир ҳам аз олоиши тан пок шудем,
Аз хок баромадему ба хок шудем.
398
Моем дарафтода чун мурғ ба дом,
Дилхастаи рузгору ошуфта мудом.
Саргашта ба ин доираи бе дару бом,
Ноомада бар муроду норафта ба ком.
399
Мақсуд зи чумла офариниш моем,
Дар чашми хирад чавҳари биниш моем.
Ин доираи чаҳон чу ангуштари аст,
Бе ҳеч шаке нақши нигинаш моем.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close