РӯБОҲ ВА ЛАКЛАК

Дармонд  устухоне
Андар   гулӯи  рӯбоҳ,
Бар назди Лаклакомад
Бубоҳаки  мададхоҳ.

Чун дид  Лаклаки  пир
Рӯбоҳи  ашкрезон,
Биншонд рӯйи ккурсӣ,
Бо  шавқ гашт  пурсоон:

— Баргӯ,  чӣ со  ту хӯрдӣ
Яклухт  устухонро?
Андеша  накардӣ,
К-он  медарад  даҳонро?

Чун  майдааш    накардӣ
Бо  зӯру   зарби  дандон?
Шуд  захмгин гулӯят
Аз  нӯги  тези сухтон?

Як пора  устухон чун
Якбора  бар  гулӯ рафт?
Гар  нафси  бад набошад,
Чун  бар гулӯ фурӯ  рафт?…

Бо  чашмоҳи  хунбор,
Бо  як  азоби  ҷонкоҳ,
Ба  рӯйи  Лаклак  пир
Оҳиста   гуфт  Рӯбоҳ.

—  Аввал  раҳонам  аз  ғам,
Бар  аз дилам  сиёҳӣ,
Мекун  суолборон
Пас  ҳар  қадар, ки хоҳӣ.

Тафсир ҷо  надорад,
Ҳақ   гуфт Рӯбаҳу  рост,
Дар  рӯзгор  бисёр
Аз кори   мо гапи  мост.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close