РУБОИ

Ҳар кас, кӣ баҳор биёяд ӯ ҷониби кӯҳ,
Ҳам сабза дамида, лола андӯҳ-андӯҳ.
Рӯҳ тоза шавад зи дил барояд андӯҳ.
Хурсандии дил бувад зи болидани рӯҳ.
***
Як лаҳза ба рақс оему ангушт занем,
Аз шоди миёни лола бар пушт занем.
Ғам гар наравад ба хубӣ аз синаи мо,
Аз сина бурун орему бо мушт занем.
***
Ҷо-ҷо ба миёни дашт сангҳои калон,
Монанди киштӣ, ки дар баҳр равон.
Ин дашти пур аз лола, ки мемонд ба баҳр,
Аз гаштани бод бубин мавҷест бар он.
***
Аз сабзаву лола дашт дар нашву нумӯст,
Наззора кунем агар бад нест, накӯст.
Зоте, ки биёфарид ҷаҳонро зебо,
Як зарраи ҳусни ӯ шояд, ки дар ӯст.
***
Одам, ки равад бурун аз дар монӣ,
Эй марди хасис, ба хонаат меҳмонӣ.
Меҳмони туанд аҷаб саргардонӣ,
Хайл- хайли магас дигар ҳеҷ инсон не.

***
Мо бандаву худ нек донӣ моро,
Андар дар ду ҷаҳон пуштибонӣ моро.
Аз ёди ту донӣ ҳеҷ ғофил нашавем,
То марг набарад зи тан ҷони маро.
***
Ба ҳастии мо сабаб додӣ нонро,
Умед кунем ту медиҳӣ имонро.
Нодон, ки будем гуноҳи бисёр кардем,
Бахшандай, бахш, биҳишт ҳам ҳуронро.
***
Дар зиндагӣ ту агар кашидӣ хорӣ,
Изҳор макун, ки ғам дар дил дорӣ.
Вақте нарасад зи хешу дӯстон ёрӣ,
Ту ғам чӣ хӯрӣ, Худо кунад ғамхорӣ.

***
Эй моҳ ту биёву як замон бо мо шин,
Майли ту саҳар биёй ё ки пешин.
Дур аз бари мо нишастӣ ҳарчанд гуфтем:
Наздик биё ба мову пеш шин, пеш шин!

***
Кори ту фақат ба рӯи мо дарбандӣ,
Коро, ки ту мекунӣ аз ин хурсандӣ?
Рӯзе, ки ба банди мӯй моро бандӣ,
Гӯй, ки: Ба озодӣ умед мебандӣ?

***
Ин кибру ғурур ба кас наовард сурур,
Мехоҳӣ сурур бас аст, бас аст кибру ғурур!
Наздик нашавӣ зи уқб балки шавӣ дур,
Аз халқи Худову аз Худо дори шуур?
***
Дур намехоҳам равам ман аз барат,
Дур бош гӯи ту гарчӣ сад карат.
Субҳидам бардоштаам дасти дуо:
Дарду ранҷ ҳаргиз набинад пайкарат.

***
Ба умри хеш як нон ё ки ду нон,
Ба дарвешон надоданд ҳеҷ дунон.
Ба гӯшу ҳуши худ асло нагиранд,
Насиҳатҳову панди зӯфунон.

***
Ҳар шому саҳар ба зери осмони кабуд,
Зикри мани банда медонӣ чӣ буд.
Медонӣ чӣ буд, медонӣ ту хуб,
Дӯстам туй, дӯстам тӯй ё Вадуд.

***
Мақсуди ту аст, агар, ки боғҳои биҳишт,
Парҳез, парҳез зи корҳи зишт.
Баруммати Мустафо аҳсан-аҳсан,
Бе таҳорату бе намоз як лаҳза нашишт.

***
Сангдил, ки шавад агар ба дунё одам,
Фарёд кашам намешнавад фарёдам.
Гар боди аҷал зи бех канад бунёдам,
Парво накунад ба дил надорад ӯ ғам.

***
Марди дузана гоҳ бо он гоҳ бо ин аст,
Гоҳ шод зи яке зи дигаре ғамгин аст.
Бори ду аробаро аспе лоғар,
Маҷбур кашад миёншикан вазнин аст.

***
Дидам, ки арӯс ҷои хилват мекофт,
Ӯ хест зи ҷой сӯи айвон бишитофт.
Вақте, ки тамом мӯи худро бофт,
Чил кокули хеш сӯи оқиб партофт.

***
Охир чӣ кунам зи ман туро парво не,
Дорам зи ту дур дидаи гирёне.
Аз гиряву ғам хароб бингар баданам,
Раҳм карда маро ту даст гирӣ ё не?

***
Хоҳӣ ҳама шаб равӣ ба ҳузур,\
Баднафсӣ макун таоми бисёр махӯр.
Нафс аст, ки шуда балои ҷони одам,
Медонӣ туро ку барад? Ҷониби гӯр.

***
Дар гуфтаи мо накардӣ манзур,
Ҳар чӣ ки бизостӣ хӯрдӣ пурхӯр.
Дар меъдаи ту шавад чу иллат пайдо,
Мӯҳтоҷ шавӣ ба доруҳои духтур.

***
Ҳамчун гули хор рангу рӯи пурхӯр,
Пур хӯрдани ӯ ба вай набошад дархӯр.
Аз мактабу маърифат чӣ пурсӣ вайро,
Аз мактабу маърифат ҳазор фарсанг дур

***
Афсӯс зи умр чизе накрдӣ ҳосил,
Азбас ту будӣ зи одамони коҳил
Дар мактабу мадраса накрда таҳсил,
Ҷоҳил як умр бимондӣ, ҷоҳил.

***
Ба қалби золимон андоз Худо раҳм,
Ҳамеша шавқату ақли суханфаҳм.
Зи дилҳои шикаста нотавонон,
Бале, дар дил надоранд заррае ваҳм.

***
То булҳавасам гуфтӣ ту, кардаст дардам,
Ҷоно, ту бигӯ, булҳавасӣ кай кардам?
Ман монда туро зи пушти дигар гардам?
Аз пеш ё зи дур нигар ба ранги зардам.

***
Маҷнун бигузашту даври маҷнун бигузашт,
Боқист ҳанӯз ҳамон биёбону дашт.
Аз қиссаи ӯ гӯзашт ҳазор сол зиёд,
Аз хотири мо нарафт, фаромӯшт нагашт.

***
Камдонии мо зи камхонии мост,
Пур хӯрдани мо зи нафси шайтонии мост.
То кӯчаи маърифатем нарафтем ҳанӯз,
Дар кӯчаи нодонӣ қадаммонии мост.

***
Дидам санамо, ки аз чаман меой,
Бо бӯи гулу мушки Хутан меой.
Халқе ба умед дарой дарҳо ҳама боз,
Ман ҳам ба умед, ки пеши ман меой.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail