Рубоиёти Умари Хаём

Хайём, танат ба хаймае монад рост,
Чун султоне, ки манзилаш дори бақост.
Фарроши азал зи баҳри дигар манзил
Ин хайма бияфканад, чу султон бархост.

Хайё, ки хаймаҳои ҳикмат медухт,
Дар кураи ғам фитоду ногоҳ бисухт.
Ҳайёти ачал таноби умраш бибрид,
Далоли азал ба ройгонаш бифурухт.

Доранда чу таркиби табоеъ орост,
Боз аз чи сабаб фикандаш андар камукост?
Гар нек наёмад ин бино, айб кирост?
В-ар нек омад, хароби аз баҳри чи хост?

Дар пардаи асрор касеро раҳ нест,
З-ин таъбия чони ҳеч кас огаҳ нест.
Чуз дар дили хок ҳеч манзилгаҳ нест,
Май хур, ки чунин фасонаҳо кутаҳ нест.

Дар базми хирад ақл далели сара гуфт,
Дар Руму Араб майманаву майсара гуфт.
Гар гуфт касе, ки носара бошад май,
Ман кай шунавам, чунки худо майсара гуфт.

Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт:
К-аз хоб касеро гули шоди нашкуфт,
Коре чи куни, ки бо ачал бошад чуфт,
Май нуш, ки умрхо мебояд хуфт.

Дар дахр чу ман бандаи камтоат нест,
Чуз маъсияту бода маро одат нест.
Эзид донад холи маро дар дузах,
К-андар тафи гармоба маро тоқат нест.

Дардеҳ санамо, май, ки чаҳонро тобест,
З-он май, ки гули нишотро з-у обест.
Биштоб, ки оташи чавони обест,
Дарёб, ки бедории давлат хобест.

Дар ишки ту аз маломатам нанге нест
Бо бехабарон дар ин сухан чанге нест.
Ин шарбати ишқ доруи мардон аст,
Номардонро аз ин қадаҳ ранге нест.

Дар фасли баҳор агар буте хурсиришт
Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт,
Гарчанд ки ин сухан басе бошад зишт,
Саг беҳ зи ман аст, агар кунам ёди биҳишт.

Дарёб, ки аз руҳ чудо хоҳи рафт,
Дар пардаи асрори фано хоҳи рафт.
Май нуш, надони зи кучо омадаи,
Хуш бош, надони, ки кучо хоҳи рафт.

Дар чоми тараб бодаи гулранг хуш аст,
Бо нағмаи уду нолаи чанг хуш аст.
Зоҳид, ки хабар надорад аз чоми шароб,
Дур аз бари мо ҳазор фарсанг хуш аст.

Дар ҳар даште, ки лолазоре будаст,
Он лола зи хуни шаҳриёре будаст.
Ҳар барги бунафша, к-аз замин меруяд,
Холест, ки бар руҳи нигоре будаст.

Дил сирри ҳаётро камохи донист,
Дар марг ҳам асрори иллоҳи донист.
Имруз, ки бо худи надонисти ҳеч,
Фардо, ки зи худ рави, чи хоҳи донист?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close