РӮДҲОИ КӮҲИСТОН

Рӯдҳо чун кӯдакони бепаноҳ
Бемураббӣ ҳар куҷо сарсон буданд.
Чун ятимон, чун ғарибон кӯ ба кӯ
Дар талоши бахт саргардон буданд.

Сар ба сангу сахраҳо мекӯфтанд,
Нола мекарданд бар аҳволи худ.
Аз миёни тангно мекофтанд
Роҳи истиқлолу истиқболи худ.

Дар сароғози табодулҳои давр,
Дар гузаргоҳи қадамҳои замон
Баҳраҳо бурданду касб омӯхтанд
Рӯдҳо ҳам мисли кӯҳистониён.

Рӯдҳо ҳам мисли фарзандони кӯҳ –
Чун сағирон дар сағирахонаҳо
Донишу фазлу ҳунар омӯхтанд
То шуданд имрӯз чун фарзонаҳо.

Гар Зарафшон зарфишонӣ мекунад,
Вахш дар ҳар кӯй нурафшон шуда,
З-оби Ому даштҳои сӯхта
Буда хушкистону боғистон шуда.

Алғараз, ҳар рӯди саргардони кӯҳ
Ёфта ному нишони хешро.
Чун ятимоне, ки ҷумла ҳокиманд,
Ёфта як пора нони хешро…

1973

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close