РӮҲИ РАХШ

Аз фазои мулки Эрон то фазои мулки Тӯрон –
Аз Сиистон то Куҳистон,
Аз Хуросон то Бадахшон,
Аз фазои лоҷварди мулки Ховар
То фазои нилфоми Бохтар
Ёлҳояш ғарқи нури субҳгоҳӣ
Чашмҳояш чашмаи нури илоҳӣ
Мепарад рӯҳе дурахшон
Ҳамчу рӯҳи поки Эрон.
Ғарқаи нури камони Рустам аст,
Ёлафшон мепарад дар осмонҳо.
Шиҳааш бар гӯш ояд
Аз фарози Каҳкашонҳо.
Шиҳааш дорад танини ҷовидон
Дар замонҳо, дар маконҳо,
Рӯҳи ӯ рӯҳи бузургист –
Зинда бошад бо заминҳо, бо замонҳо.
Рӯзгоре бори Рустамро бибардошт,
Олам аз нирӯи яздонии Рустам бохабар шуд.
Рустам акнун рафта бар хоби абад,
Рӯзгори Ковусу Кай ҳам ба сар шуд.
Ӯ ҳам акнун рӯҳи исёнии ором аст,
Ӯ ҳам акнун рӯҳи озодии айём аст.
Чанд дашти корзораш пушти сар шуд,
То ҷаҳон аз зиндагонию амонӣ баҳравар шуд.
Ин замон баргустувонро пора карда,
Мепарад ӯ, мепарад то ҷовидон
Ҳамчу рӯҳи поки Эрон
Дар фазои дури кайҳон…
Гӯри ӯ паҳлӯи гӯри Рустам аст,
Гӯри ӯ тимсоли ӯст –
Яъне болои сари Рустам ба по истодааст.
Ҳамчу он Рахши сабукбол,
Ҳамчу он Рахши накӯфол
Бар набарди навбатӣ омода аст.
Ё мисоли посбони рӯҳи инсон
Гӯшҳоро бар садоҳои замину осмон
бикшодааст –
Аз куҷое гар расад бар гӯши ӯ табли хатар,
Мекунад бедор Рустамро зи хоби ҷовидон
Баҳри ҳифзи ҷони инсон!
1987

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail