РУҶӮИ СЕВАК

Навиштае ба зери акси рассоми арман Мартирос Сарян
ва Паруйр Севак, ки дар он шоир дасти рассоми 90-соларо
бо эҳтиром мебӯсад.

Магар гулҳо ба рӯйи бому дардҳо
Барои хотири булбул шукуфта.
Бе девору ба гулдону ба саҳро
Надонам доғи ту ё гул шукуфта.

Магар дунё ба чашмони ту боғ аст,
Ки сар то сар кунӣ гулофаринӣ
Ва ё гулҳои ту гулҳои доғ аст?
Ба пирӣ дарду доғеро набинӣ!

Агарчи расмҳоят сӯхт дар об
Зи нав тасвир кардӣ сурати мо.
Туро бинему мо худро шиносем,
Кашӣ дар сурати мо сирати мо.

Зи амри осмонҳо сар кашам ман,
Ки шоирвор бар гардун кашам сар.
Само фармоядам гар дастбӯсӣ,
Набӯсам даст, ҷуз дасти хунарвар!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail