РӮЗҲО

Неъмати хуршеди олам —рӯзҳо
Субҳидам доранду шом,
Аз паи ҳам омада чун кормӯвони бонизом
Аз паи ҳам мераванд,
Монда аз худ як нишоне дар ҷаҳон.
Мову ту ҳам дар ҷаҳон чун рӯзҳо
Ҳар яке соҳибнизом,
Субҳидам дорему шом
Кӯҳна мегардем,гарчанде навем,
Ҳокими мо фитрату қонуни он.
Ҳайф не, гар омадему меравем,
Ҳайф, агар аз мо намемонад нишон…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close