РӮЗИ НАВ

Охири дар,дар осмони кабуд
Мебарояд ситораи саҳарам.
Гашта бедор мисли ҳар боре
Ҷонибаш хуррамона мегигарам.
Ҳар саҳар ҷилвагар — ситораи ман
Мужда меоварад, ки субҳ дамид,
Мужда меоварад, ки рӯзи нав
Назди дар, зудтар зи ҷо хезед!
Хеста,“Марҳамат! —ҳамегӯям, —
Меҳмони диёри мани ҳастед,
Ҳар яке чун таронаҳои нав
Зиннати рӯзгори ман ҳастед!
Ба диёри азизу мӯътабарам
Камбағал омада, ғанӣ гашта,
Санъати худ ба рӯзи нав дода,
Ба адам меравед, баргашта…”.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close