ХОҲАМАТ РӮЗИИ ПАРОКАНДА

Хоҳамат бахт, бахти поянда,
Қисмати бобарору рангине.
Хоҳамат ризқи бас пароканда,
Ки варо ҷӯиву ҷаҳон бинӣ.

Хоҳамат бахтбони бономус,
Ҳамчу худ ғамшарику созанда.
Хоҳамат шоҳроҳи бахтовар,
Шоҳроҳе ба сӯи оянда.

Хоҳамат лаҳзае, ки ёд орад
Нашъаи бӯсаҳои аввалро.
Хоҳамат донише, ки бишморад
Бахшиши нақди ҳар таваккалро.

Хоҳамат бехалал шабистоне,
Хоби тифлонаи саҳаргоҳӣ.
Хоҳамат рӯзи софу нуронӣ,
Дасти имдоди ёри дилхоҳе.

Хоҳамат дар ҷавоби ҳар ошӯб
Як сукути фасеҳи мардона.
Хоҳамат зиндагонии марғуб
Дар қиёми висоли ҷонона.

Дар ҷавоби чунин таманноҳо,
Эй, ки бо ман ту як дилу ҷонӣ,
Аз ҳама мумкинот баҳрам хоҳ
Як нафас зиндагии тӯфонӣ…

1964

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close