Сабади истеъмоли

Рӯят гули сари сабади лолазорҳо,

Хаттат матои қофилаи навбаҳорҳо.

Дар бӯстон зи ҳасрати побӯси сарви ту

Хамёза мекашанд лаби ҷӯйборҳо.

Рафтори ту гирифта сари роҳи кабкро,

Тамкини ту шикаста сари кӯҳсорҳо.

Эй чашмаи ҳаёт, тағофул зи ҳад гузашт!

Мавҷи сароби ашки ман аст обшорҳо.

Ҳаргиз зи диданат нашавад сер чашми мо,

Беинтиҳост силсилаи интизорҳо.

Танг аст ҷомаи гули раъно ба дӯши ман,

Осудаам зи пераҳани  эътиборҳо.

З-ин қавми мурдадил чӣ тамаъ мекунад касе?

Бинад пеши по ба чароғи мазорҳо

Вақт аст, Сайидо, зи пайи бехудӣ равем,

Моро гудохт пайравии ихтиёрҳо.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail