САБЗАИ БАҲОР

Ихтиёри ту ба дасти мани дилбохта нест,
Дили ту, дилбари ман, байти худам сохта нест,
Алами бахти ту бо дасти ман афрохта нест,
З-ин сабаб дорӣ ба сӯям назари пурҳазаре.

Резаборон ба замин фасли баҳорон борид,
Ба рухи поки замин донаи марҷон борид,
Зарраи ҷон ба тани навгули хандон борид,
Лек борони муҳаббат нанамудам ҳунаре.

Сабзаву гул ҳама аз ҳиммати борон рӯяд,
Зи дили хок дамад, файзи баҳорон ҷӯяд,
Шабнами вақти саҳар барги тарашро шӯяд,
Лек аз ҳоли дили ман ту нагирӣ хабаре.

Ин қадар ноз макун, фасли баҳорат гузарад,
Ҷоншикории нигаҳҳои хуморат гузарад,
Сайқали чеҳраву гармии шарорат гузарад,
Ба дилам аз ту ба ҷуз доғ намонад асаре.

Баъд, чун тирамаҳ ояд, ба тани барги хазон
Лутфи борон нарасонад хабар аз омади ҷон,
Сабза аз нав надамад, лола нахандад ҳаргиз,
Гузарам бе ту ману низ ту бе ман гузарӣ.

Хоҳам, эй ёр, пушаймонӣ ба дил ғам н-орад,
Хоҳам аз умр дили мо самаре бардорад,
Лутфи борони висолат ба баҳорон борад,
Чун ба дил сабзаи ишқ аст ба ёди самаре…

8.12.1961

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close