САД ҶОН ФИДОИ ДӮСТ

Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.

Дар дӯстй мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.

Ҳошо , ки ғайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман,
Дидан наметавон дигареро ба ҷои дӯст.

Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад ҷои миннат аст,
Зеро, ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафои дӯст.

Бо дӯст ошно шуда, бегонаам зи халқ,
То ошнои ман набувад ошнои дӯст.

Дар халқаи сагони дараш меравам, ки боз
Аҳбоб сар занад ба гирди сарои дӯст.

Дасти дуо кушод Ҳилолӣ ба ҳазратат,
Яъне ба даст нест маро ҷуз дуои дӯст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail