САДОИ ҶУНБИШИ ГАҲВОРА…

Қаҳрамони рӯзи фардо –
Ҷони ширини падар,
Чун кушоди чашм бар дунёву бинмуди назар,
Ханда кардӣ ҷои гиря,
Лек ман?
Ман ба дунё чун кушодам чашму
афгандам назар
Даҳшате дидам:
Паси дар,
Чун қаландар
Интизори ман ситода хашмгин –
Бори сахти зиндагӣ,
Ҳалқаҳои оҳанин,
Бори сахту ҳалқаҳое, ки аз онҳо асрҳо
Дар ҷаҳони беадолат, бепаноҳ
Дасту пою дӯши аҷдодони ман
Баста буду решдору бемадор,
Зиндагишон талх буду тира будӣ рӯзгор…
Инак, омад навбати ман,
Навбати дастони ман,
Бояд акнун ғайрати ман,
Қуввати ман, ҷони ман
Бори онҳоро кашад то зиндаям.
Бо ҳамин фкру хаёл
Дод гуфтам, гиря кардам,
Модари бечораам бо дастҳои пинадор,
Баст дар гаҳвораву оҳиста ҷунбондан гирифт,
бо садои хастаи худ аллаҳо хондан гирифт:
-Ҷонаки ман,
Бар садои ҷунбиши гаҳвораат
Гӯш деҳ!
Гӯш деҳ,
К-ӯ садои зиндагист,
Орзуи модари бечораатро гӯш деҳ!
Ин замон омад ба гӯшам бо хитоб
Ин садо аз ҷунбиши гаҳвораам:
–Ин-қи-лоб, ин-қи-лоб,
Гар насозад бо ту тақдират, бихез
Дигараш кун, бод ёрат инқилоб!
Ин-қи-лоб…
Дигараш кардам!
Нигар,дар назди дар
Ҷои бори зиндагиву ҳалқаҳои бандагӣ
Сӯи ту бикшоданд оғӯшу ҳастанд интизор
Кӯдакии беғубору мактабу илму ҳунар,
Ишқи поку қаҳрамонию
ҷавонӣ, коинот.
Асри нав – нав кашфиёт,
Нокушода як ҷаҳон асрору роз,
Сабзу хуррам шаҳру деҳ.

Ҷони ширин,
Бар садои ҷунбиши гаҳвораат
Гӯш деҳ!
Зиндагӣ пур аз нишеб асту фароз…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close