Садсола кучидам вале…

Аз зодбуми хештан бо хотири озурда рафтам,
Бо дарди дил, бо дарди сил, бо чеҳраи пажмурда рафтам.
Ҳар кас, ки рафт аз масканаш хоки табаррук бурду ман
Аз масканам парвонаи ҷурми ҷиноӣ бурда рафтам.

Чун устухонҳои падар, чун устухони хушки модар,
Чун устухонҳои бародар, устухони хушки хоҳар
Ҳар устухонамро ба пеши устухонхоре ниҳода,
Дар ҳар қадам бо сад алам cap то қадам афсурда рафтам.

Дар зодбуди ман маро пасмондаву тафканда мезад,
Ҳар бепадар, ҳар бехабар, ҳар мурдаву худмурда мезад,
Худмурдаҳояш шаттаам монанди гови мурда мезад.
Дасти ҷигарбандон ба даст аз мурдаву худмурда рафтам.

Аз пахтазори беканоре бе кафан рафтам ман охир
Аз Роҳи Абрешим ба дӯши хештан рафтам ман охир.
Садсола кӯчидам, вале қулфи дари худро набастам,
Қулфи диламро бастаму садсола дилозурда рафтам.

Ман аз заминам ҷуз заминларзӣ дигар чизе надидам,
Дигар чӣ дидам ғайри як рӯи сиёҳ аз офтобаш ҳам.
Ҷуз хушаи сероби ашк аз шохаи токаш накандам,
Ғаир аз анори кафти захмаш мевае нохӯрда рафтам.

Аз рафъи дарди гурдаам дар кунҷи зиндони Душанбе,
(Рӯзе, ки зиндонбони ман буданд, дуздони Душанбе),
Дорӯ талаб кардам агар, бегуфтугӯ пору гирифтам,
Табхоли зиндонам ба лаб, дар гурда санги гурда рафтам.

Кайҳо Сулаймон мурда буд, аммо асояш дар таги каш,
Аз по намезад бар замин дар пеши девони асокаш.
Ҳамчун Сулаймони қалам дар пеши девони қаламкаш,
Ман ҳам наафтодам, вале кайҳои кайҳо мурда рафтам.

Январ 1997. Ҷаксонвилл

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close