Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард

Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард,

Ки ишқи рӯйи гул бо мо чиҳо кард?

Аз он ранги рухам хун дар дил афтод,

В-аз ин гулшан ба хорам мубтало кард.

Ғуломи хаммати он нозанинам,

Ки кори хайр бе рӯву риё кард.

Ман аз бегонагон дигар нанолам,

Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Гар аз султон тамаъ кардам, хато буд,

В-ар аз дилбар вафо ҷустам, ҷафо кард.

Хушаш бод он насими субҳгоҳӣ,

Ки дарди шабнишинонро даво кард.

Ниқоби гул кашид аз зулфи сунбул,

Гиреҳбанди қабои ғунча во кард.

Ба ҳар сӯ булбули ошиқ дар афғон.

Танаъъум аз миён боди сабо кард.

Башорат бар ба кӯйи майфурӯшон,

Ки Ҳофиз тавба аз зӯҳду риё кард.

Вафо аз хоҷагони шаҳр бо ман,

Камоли давлату дин  Булвафо кард.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail