Саҳарам давлати бедор ба болин омад

Саҳарам давлати бедор ба болин омад,

Гуфт: «Бархез, ки он Хусрави Ширин омад.

Қадаҳе даркашу сархуш ба тамошо бихиром,

То бибинӣ, ки нигорат ба чӣ оин омад.

Муждагонӣ бидеҳ, эй хилватии нофакушой,

Ки зи саҳрои Хутан оҳуи мушкин омад».

Гиря обе ба рухи сӯхтагон бозовард,

Нола фарёдраси ошиқи мушкин омад.

Мурғи дил боз ҳаводори камонабрӯест,

Эй кабутар, нигарон бош, ки шоҳин омад.

Соқиё, май бидеҳу ғам махӯр аз душману дӯст,

Ки ба коми дили мо он бишуду ин омад.

Расми бадаҳдии айём чу дид абри баҳор,

Гиряаш бар суману сунбулу насрин омад.

Чун сабо гуфтаи Ҳофиз бишунид аз булбул,

Анбарафшон ба тамошои раёҳии омад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail