Салом Модар

Бо номи ту ин калом, модар,
Бар пири ту эҳтиром , модар!
Ҳар соату субҳу шом, модар!
Аз ҷону дилам салом,модар!

*  *  *

Ту ранҷ кашида рӯзу шабҳо,
Бӯсида маро ба шаҳди лабҳо,
Бо меҳри бузургу бо талабҳо,
Хӯрдӣ гамии манн мудом, модар!

*  *  *

Эй модари меҳрубону дилбанд,
Ман аз ту ҳазор бор хурсанд,
Ҳаст оташи меҳр  баҳри фарзанд,
Андар дили ҳар кадом модар.

*  *  *

Бо ёди  муҳаббату  вафоят,
Бо ҳурмати  шири ҷонфизоят,
Такрор намоям аз бароят,
Сад бори дигар салом, модар!

Тавсия менамоям, ки Модарномаи Л. Шералиро низ дар линки http://life.ansor.info/tj/modarnoma_loiq_sherali бихонед.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail