САЛОМНОМА

Ассалом, эй миллати ҳимматбаланд,
Ассалом, эй дустони арҷманд!
Бо нидои Рӯдакӣ имрӯз мо
Меҳмони ин диёри дилписанд:

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон”.

Аз диёре, кт баҳораш бехазон,
Ишқ мерӯяд зи хоки поки он,
Осмонаш чун дили мо беғубор
Бар шумо бодо салом, эй дӯстон.

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон”.

Пояи сулҳу амонӣ дӯстист,
Лаззати ишқу ҷавонӣ дӯстист.
Дӯстӣ моро ба ҳам наздик кард
Офтоби зиндагонӣ дӯстист.

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон”.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close