САЛОМУ САД САЛОМ

Биё, биё, азизи дил, дуруд,
Зи шавқи дил бихонамат суруд.
Ба қавли ваъдаҳоу гуфтаҳо
Ҳикояти манну ту инчунину набуд.
Куҷост он муҳаббати самимияти,
Куҷост он ҳама самои дар назар кабуд?
Бисӯз бо тамоми ҳастия, азиз,
Чаро ки он чи ҳаст, оташ асту дуд.
Баҳор омада ба ишваву ба ноз,
Биё, расид вақти нағмаву суруд.
Ба ишқи пок медиҳам салом сабз
Салому сад салом, боз ҳам дуруд.
Чу ишқ ҳасту боқӣ ҳеч, эй Ҳаким,
Маломаташ макун, бикун варо суҷуд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close