Самарқанд

Ба хонаи худ меравам меҳмонвор,
Аз хонаи худ меравам меҳмонвор.
Вале намедонам, ки чаро? Чаро?? Чаро???
Гаҳвораи ман шуда маро меҳмонсаро Гулрухсор ва Яхч
То пешгуфтори Расул1, дебочаи Чингиз2 бувад,
Сад хурда гирандат касон, ноҷо бувад, ночиз бувад.
Ҳарчанд гуфтӣ: Яхч! Яхч! Сад бор бо сад изтироб,
Яхчат бимонад зери обу ту бароӣ рӯи об…
Соядаст барои Сабзалӣ Шарифов
Ҳазор шукр худоро, ки дасти ту сабз аст,
Баҳорхонаи шеърам зи шасти ту сабз аст.
Ту ҳам, ки чун дили ман марди дардпарвардӣ,
Саҳифаҳои диламро ба сафҳа овардӣ.
Соядаст ба Ҷонон Бобокалонова
Фитрати инсон фақат диплом нест,
Чун Шумо ҳам олиму ҳам оламед.
Баччагӣ буду ғурури нобаҷо…
Баъд донистам, ки ҷонон одамед.
Нома ба вазири ҳифзи муҳити зист
Вазири ғалларо гуфтам: бидеҳ орд.
Бигуфто: сабр кун, анбор холист.
Ту олиҳимматӣ, аз домани кӯҳ
Ба ман як тун ҳавои тоза бифрист.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close