САНАМИ ХИМЧАМИЁН

Рӯзу шаб, бин, чунон мегузарад,
Умри мо низ гарон мегузорад.
Дар баҳори дили бесабру қарор
Ишқи инсон ба хазон мегузорад.
Барг накшодаву пажмурду бирехт,
Чӣ навое ба гулон мегузоад.
Хостам, сӯзи диламро гӯм,
Лек афсӯс, ки ҷон мегузарад.
Доду фарёд ки фурсат кӯтоҳ,
Умр чун тири камон мегузарад.
Ин уқубат зи ҷаҳон мегузарад.
Фурсат омад, чу дидор намонд,
Санами химчамиёни мегузарад.
Даст бар гардани нозаш бибарам,
Чӣ кунам, зуд замон мегузарад.
Ту, Ҳаким Гӯё, чӣ ҳам хоҳи гуфт,
Суханат вирди забон мегузарад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail