Cар ба гиребон кашидаем

Дар ҳеч синае гули доғе намондааст,
Дар базми рӯзгор чароғе намондааст.
Монанди ғунча сар ба гиребон кашидаем,
Моро ба сайри боғ димоғе намондааст.
Дасте, ки гул занад ба сари булбуле куҷост,
Нахли шукуфадор ба боғе намондааст.
Аз ҷоми адли ҷуд лабе тар намешавад,
З-ин бода қатрае ба аёғе намондааст.
Мурғони орзу ҳама парвоз кардаанд,
Дар саҳни бӯстон пари зоғе намондааст.
Равшан кунанд халқ чу парвона хуни хеш,
Азбаски равғане ба чароғе намондааст.
Эй Сайидо, карам, зи ҷаҳон баски гум шудаст,
Аз ҳеч кас умеди суроғе намондааст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close