Сазои Хушомадхӯҷа

Хонаро тасфонда шабҳои дароз,
Давра ороянд, бикшоянд роз.
Якта-якта яъне ғайбат сар кунанд

Байнашон бошӣ, ду гӯшат кар кунанд.
Гӯяд он, ки буд як вақте мудир,
Соҳиби мансаб шуда мумсик Мунир.
Не худ он хӯрдан тавонад донае,
Не диҳад бар хешу бар бегонае
Гӯяд он, ки як замон сардор буд.
Мардум аз рафтори ӯ безор буд:
«Дӯш дидам Холро мошинсавор,
Аз куҷо пул ёфтаст ин нобакор»?
Гӯяд он, ки дина бемансаб шудаст,
Ҳамдами ғайбатгарон имшаб шудаст:
«Хӯрд Акрам пули давлат бешумор,
Шуд халос аммо ба якто выговор».
Гӯяд он, ки кори хайре ҷуз завол
Қас надид аз феъли шумаш то ба ҳол:
«Порахӯр бошад Назар-сардори мо,
Аз ҳамин рӯ ҳаст хӯрҷин кори мо»вЂ¦
Шояд аз ганбат намемондн иишон
Медид аз инсоф гар андар ҷаҳон, ’
Пушти паҳнаш сангпушт як бор

Соч Чангпяшро уштури гардандароз.

Чандест, ки бо ин амаки бинифарозам —
Бо сӯфии Мирзолақаби ришдарозам
Дар хархашаву кашмакашу гуфтугузорам,
Гардида ба вай баҳсу мунозира шиорам.
Гуфтам, ки шунав, сӯфӣ, ҳама панди ту фанд аст,

Аз панди ту бар ҷону дили халқ газанд аст.
Гуфто, ки макун тӯҳмати ноҳақ ту ба ҷонам,
Ҳаргиз набарам ҳарфи дурӯғе ба забонам,
Гуфтам, ки ба таштобу тӯморат чӣ нависӣ?
Аз кӣ чӣ бигирию ба номи кӣ нависӣ?
Гуфто, ки нависам ҳама дам гуфти худоро,

Додаст худованд худаш рӯзии моро.
Гуфтам, ки ба ман гӯӣ чӣ гуфтаст худованд?
Аз раҳму аз инсоф чй суфтаст худованд?
Гуфто, ки худованд ҳама рост бигуфтаст,—
Инсоф чароғи дилу ҷонҳост бигуфтаст.
Гуфтам, ки чаро пас ба ту инсоф набошад?
Риши ту сафед асту дилат соф набошад?
Гуфто, ки чӣ мегӯӣ ту, эй бачаи нодон,

Бар бандаи дилсофу баинсофу мусулмон.
Цуз хизмати халқе, ки маро гашт парастой

Фикри дигарам нест ба сар, нест ба зинҳор.

Ҳар ҷо, ки равам, ростӣ — ин аст раҳи ман,
Ҷуз рости, валло, набувад такягаҳи ман.
Гуфтам, ки ту гар ростию ростнарастӣ,
Сад бор чу майнӯш қасам аз чӣ шнкастӣ?
Ҳар рӯз чаро аз пан тазвир шитобӣ?
Роҳат — паси девору дигар роҳ наёбӣ?
Гуфто, ки маро мақсади тазвир набошад

, Корам ҳама ҷуз некию тадбпр набошад.
Гуфтам, ки чӣ тадбир, ки аз хатму дуоят

Ҳамсоязанак мурд ба умеди шифоят?
Гуфто, ки агар кас ба дин ихлос надорад,

Сад хатм ба он фоида як бор наорад.
Гуфтам, ки бас аст, ин қадар афсона чи гӯӣ?

То кай зарар орию ба кас суд наҷӯй?
То кай бихӯрӣ нону намакдон шиканӣ боз?

Бар кӯрнамак нест раво ҳурмату эъзоз!
Сӯфӣ пас аз ин тоб наовард ба гуфтор,

Хомӯш бирафт аз бари ман дар даме ночор.
Дидам саҳараш ин ки ба масҷид нишаста,
Як саллаи бефаш ба сари хеш бибаста.
Бисёр сукут карда чу ҳайкал бувад он хап,
Дар зикр дилаш банду наояд ба лабаш гап.
Гӯё ки шихон рост мегуфт: «Худоям
Барои чи бурди шарманда чаро карди маро назди калонке
Бар ман ту иадиди шараф аз баҳри лоиқ?
Гуфтор дигар додаву рафтор дигар
Ҷуз фанду фиреб аз чӣ маро нест дигар Чиз?

«Худоям
Барои чи бурди шарманда чаро карди маро назди калонке
Бар ман ту иадиди шараф аз баҳри лоиқ?
Гуфтор дигар додаву рафтор дигар
Ҷуз фанду фиреб аз чӣ маро нест дигар Чиз?

Кас нест, ки имрӯз ба ман гӯщ иамояд
Тазвири маро лаҳзае рӯпӯш иамояд. ’
Ҳар чо, ки равам, таъна зи мардум шунавам

Бебаҳра дарахте ба гулистони навам ман.
Як зарра ба дин бовариям нест, дигар нест

Ихлосам аз он рости якборагй бархест ‘
3-ин пас наравам бо раҳи тазвир ба зинҳоп

Бар халқ кунам такяву бо вай бикунам ‘кор
Чун кӯрнамак роҳӣ паи поси намак шуд

Пас курнамак не, лақабаш сӯфиамак шуд.
Корҳо бо тарзи худ орост ӯ,
Кард таъмин, он чй ки мехост ӯ.
Беши кораш буд баски ноқулай,
Табъи аҳли бешаро бигрифт вай.
Хирси аблаҳ гашт чун бар вай вазир,

Ҷонварон гуфтанд: «Беша шуд ҷазир»!
Харгӯшак шуд котиба-фармонавис,
Гург мегуфташ навис, ҷони раис:
«Ҳеҷ кас минбаъд пешам беҷавоб
По намонад, ки шавад ҳолаш хароб.
Ҳаст корам баски беш аз мӯи сар,
Нест аз сардорӣ коре зӯртар».
Хонда ин фармон, ҳама шуд дар сукут,

Гург аммо тоб медодӣ бурут,
Қи аҷаб даврон бувад даврони ӯ,
Қас натобад рӯй аз фармони ӯ.
Рӯбаҳи маккор дар андеша монд,
Муддате танҳо миёни беша монд.
Гуфт: «То соҳиб нагардам мисли дӯст

Боварии гургро, ки гандахӯст.
Ҳоли ман дар беша мегардад табоҳ,

Субҳи ман чун шом мегардад сиёҳ.
Яъне акнун мезанад чангам паланг,

Хирси аблаҳ мекунад манро гаранг
Ҳасрат, эй дил,_к-аз давидан сӯхтам,

Дарсп мансабҷӯӣ то омӯхтам.
Пеши ин рафтам, давидам сӯи оп,

Роз бикшуда, ҷавоб андӯхтам.
Шуд яке восита, гуфт: «Осуда бош,

Мекунам баҳри ту аз ҷон ман талош.

Бошадам Абдунабӣ ёри қарин,

Ки бувад бисёр ҳар ҷо ҷӯраҳош.
Мекунам воснта ӯро мухтасар,

Ӯ кунад восита як шахси дигар,

Ҷӯрае бар ҷӯра гардад восита,

Нест аз восита роҳе хубтар».
Шуд ҳамели восита охир кашол,

Рафт нӯгаш то Хисору Ҷиргатол.
Рӯзе пурсиданд аз мап ихтисос,

Дар ҷавоби ин забонам гашт лол.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail