Шаби аввал

Бо ту будам як шабе танҳо ба танҳо то саҳар,
Бо ту будам як шабе дар боғи гулҳо то саҳар.

Як шабе зуд аз «Ҳазору як шаб» он ҷо рӯз шуд,
Ин дили девона бо васли ту бадомӯз шуд.

Мову ту ҳамқисмату ҳамдарди дерин будаем,
Гарчи дур аз ҳамдигар чун Моҳу Парвин будаем.

Як шабе моро ғанимат буд аз тақдири мо,
Шикваҳо аз содагиҳо буду аз тақсири мо.

Шиква аз носозию ноомади тақдир буд,
Гарчи ин сон шиква аз тақдир моро дер буд.

Лек андар зиндагӣ носозгориҳо бувад,
Дар талоши ҳар бароре нобарориҳо бувад.

Ошиқони номуносиб ҷуфт мегарданду мо
Дилмувофиқ будаем, аммо зи ҳамдигар ҷудо…

Бояд акнун зиндагӣ чанде ба коми мо шавад,
Лаҳзае аз умри ҷовидон ба номи мо шавад.

Зиндагиро чун ғуломи ҳалқабаргӯше кунем,
Бахти худ бирбуда аз ӯву ҳамоғӯшӣ кунем.

Гарчи дер аст, эй санам, бояст дил бандем мо,
То ба кору бори дунё талхтар хандем мо…

1970

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close