Шарқи мазлум мешавад бедор…

Мевазад боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.
Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам
Ин суруди қадими кӯҳистон:
“Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором
Мезанад доду мезанад фарёд.
Меравад худсарона,
лекин ром.
Ҳеҷ касро намешавад.
Ҳайҳот!
Кӯҳи хоро, нигар, ки уштурвор
Бар сари ганҷҳо намуда хоб,
Ҳеҷ гоҳе намушавад бедор,
Ӯ зи фарёди Панҷи заррин-об…”
* * *
Дар лаби рӯди Панҷ кайҳо боз
Гашта ҷогир деҳае зебо.
“Мисгарон” номи ӯст.
Дар Дарвоз
Деҳа бисёр, нест ӯ якто.
Мисгарон буд номи ӯ, аммо
Аллакай рафтааст ӯ аз ёд,
Нои нав дорад ин диёри мо,
Номи хушрӯи – “Партизанобод”
Номи ин деҳа касби халқашро
Менамояд барои мо равшан:
Мисгаронанд ҳам муборизҳо –
Партизанҳои номдори Ватан.
Номи калхозашон “Ҳаёти нав”,
Одамон нав, ҳаёташон ҳам нав
Панҷгӯша ситораи Москав.
Кӯҳҳояш сафедсар, аммо
Даштҳо сабзу боғҳо гулзор,
Хонаҳояш сафеду одамҳо
Рӯйсурханду бахташон бедор.
Дилписанданд анору олуяш,
Ноку анҷиру пистаҳояш, низ
Олуболую себи хушбӯяш,
Дорад ӯ низ тути шаккаррез…
Ҷӯраам гуфт: – Боварам бинмой,
Ки ду даҳ сол пештар аз ин,
Дараи танг буд дар ин ҷой.
Деҳа вайрона, халқ буд мискин,
Лек ҳоло нигар, ки ҳиммати мо
Дараи тангро васеъ кардаст;
Халқи озоди мо табиатро
Чун ғуломе ба худ мутеъ кардаст…
Кӯҳҳо низ сар фуроварда,
Менамоянд хизмати моро.
Мушкилӣ низ тоб н-оварда,
Гашт таслим қудрати моро.
* * *
Бо расиси “Ҳаёти нав” – Неъмат,
Ошноям намуд ҷӯраи ман.
Гуфт:
– Ин кас рафиқи ман Қудрат,
Ҳаст ӯ кӯҳкан.
Ба амри Ватан
Омад ӯ то ба мо диҳад ёрӣ.
Солҳо боз дар дили кӯҳсор
Хоб кардаст ганҷи бисёре,
Вақт омад, ки гардад ӯ бедор.
Дар ҳамин ҷой мешавад подор
Як заводе, ки бо гудоки он
Шарқи мазлум мешавад бедор
Ҳар чӣ наздиктар зи хоби гарон.
То ба кайй рӯди Панҷи ноором
Мезанад доду мезанад фарёд,
Вақт омад, ки Панҷ гардад ром
Ба далерони болшевик-авлод.
Бо рафиқи азизи худ Қудрат
Мана ман омадам, ки ин дарё
Ром гардад, ба мо кунад хизмат,
Ҳар чӣ гӯем, ӯ кунад иҷро.
Бигузор ин, ки дуҳаи моро
Нур бахшад чароғи Иличӣ.
Мададе медиҳад ба кори шумо
Техники об – рафиқ сарҳадчӣ.
Ба шумо, шефҳои мо, бодо
Аз командири мо саломи зиёд,
Гуфт: – меҳнат кунед дар он ҷо,
То шавад деҳа боз ҳам обод.
Шохалал талх-талх хандиду
Гуфт ин кори хуб. Мушкил лек!
Шохалал, гарчӣ мӯсафед аст ӯ,
Дилаш аммо сияҳтар аст аз дег.
Шохалал хост гап занад аз нав,
Тела додаш, вале Сафар-ота,
Гуфт:
– Аз роҳи хайри мо гум шав!
Сафар омад ба назди мо онгаҳ
Бо муҳаббат зи рӯи мо бӯсид.
Гуфт: – Қурбонатон шавам, писарон!
Муждаи коммунизм овардед,
Аз Кремл баҳри халқи кӯҳистон

Тоза бинмуда ашки шодиро,
Гуфт– Эй офтоби оташтан,
Бишнав, эй кӯҳи сарсафеди мо,
Саргузашти гражданини Ватан:
Як замон буд номи ман буд “Батрак”
Тоза карда диёрам аз душман,
“Колхозчӣ” шудам сипас. Инак
Мешавад “Комунар” номи ман!
* * *
Сайр бинмуда бо дили хушнуд,
Зери беди азим биншастем,
Ба командири меҳрубони худ
Ҷои рапорт, нома бинвиштем:
“…Шефҳои азиз моёнро
Шодмон пешвоз бигрифтанд,
“Шарафу шаън посбононро!
Оаринҳо ба шефи мо” – гуфтанд.
Гашта воқиф зи мақсади моён,
Бештар боз шод гардиданд.
Одамон бо муҳаббати ҷӯшон
Дасти моро фишурда, пурсиданд:
“Депутати азизи мо – капитан
Вақтхуш-мӣ? Саломату сиҳҳат”?
– Офият, вақтхуш, барои Ватан, –
Мо бигуфтем, – мекунад хизмат.
Хуррамона ба мо,
Назар-усто
Гуфт: – “Ҳаммомро бино кардем,
Хоҳиши депутати худро мо
Бо муҳаббат ба ҷой овардем”.
Гуфт шодона пирамард Обид:
– “Марҳамат, оби гарм бисёр аст.
Оббозӣ кунед, агар хоҳед,
Ҳама тайёр, он чӣ даркор аст”.
…Рафта дидем бо Сафар-ота
Мактаби нав, клуби ононро…
Хуррамона ба мо Сафар-ота
Гуфт: – Қоил шудам ҷавононро.
Гирду атрофи мактаби навро
Хуштар аз боғу бӯстон карданд,
Умр бинанд, бингаред, онҳо
Деҳаи пирро ҷавон карданд.
Халқ аз меҳнату муборизааш
Баҳравар гаштаасту ҳам розист.
Деҳашоон бо тамоми манзарааш
Деҳа не, балки шаҳри колхозист.
* * *
Субҳдам… Радио қатӣ ҳарду
Гимни халқи кабирро хондем.
Халтаи хешро кушодему
Бо муҳаббат махорка печондем,
Даргирондему хайрухуш гуфтем
Ба рафиқони қаҳрамони худ.
Пас, ба иҷрои кори худ рафтем,
Бар табиат ҳуҷуми нав сар шуд.
* * *
Мевазад, боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.
Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам,
Навтарин як суруди кӯҳистон:
“Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором
Дод мезад мисоли ваҳшиҳо,
Ҳеҷ касро нагашта буд ӯ ром,
Мешавад ром болшевиконро,
Кӯҳи хоро, нигар, ки уштурвор
Бар сари ганҷҳо намуда хоб,
Ҳеҷ гоҳе нагашта буд бедор,
Ӯ зи фарёди Панҷи заррин об…
Зарбаи путки болшевикон лек
Менамояд зи хоб бедораш!
Болшевик меравад ба роҳи нек.
Шӯҳрату шаън доимо ёраш”.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close