Шеър

Бигзор равнақи дусад бозор бишканад,
Магзор лек равнақи ашъор бишканад.
Магзор бишканад қалами ростқавли мо,
Аммо миёни каҷдилон, бигзор бишканад.
Бигзор дасти гул ба мо гулдаста оварад,
Дасте, ки хор парварад, чун хор бишканад.
Дасте, ки дошт дастаи испор, зинда бод,
Пое, ки нест аз паяш осор, бишканад.
Мо чормағзи кӯракем, андар шикастанаш
Дандони сад ҳазор сияҳкор бишканад.
Ман ошиқам ба гардани марде, ки бо ғурур
То зери дор рафтанаш сад дор бишканад!
3.5.1979

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail