ғазалҳои Лоиқ Шералӣ

Ҷаҳон – сӯзишгаҳи инсон, чунин будасту хоҳад буд,
Ҳаёт – афсӯси бепоён, чунин будасту хоҳад буд.
Хиёнат кори номардон, маломат кори бедардон,
Муҳаббат – ғорати имон, чунин будасту хоҳад буд.
Ватан хоки ба хун оғуштаи аҷдоди мову туст,
Замин мероси ин бар он, чунин будасту хоҳад буд.
Агар мо дилҷавон бошем, дунё ҳам ҷавон, варна
Фалак як пири бедандон, чунин будасту хоҳад буд.
Зи сақфи осмони орзуҳои тиҳифарҷом
Дили мо – ахтари паррон, чунин будасту хоҳад буд.
На сар монад, на сардоре, на дар монад, на дардоре,
Ба хок – андар ҳама яксон, чунин будасту хоҳад буд.
Биё, ҷоно ба меҳмонӣ, қадаҳ гирем, пас мирем,
Замон мизбону мо меҳмон, чунин будасту хоҳад буд.
Гар оташам, гар оташин, ёд аз мани ошиқ кунед,
Гар шодмонам, гар ғамин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Гаҳ дар заминам осмон, дар осмонам гаҳ замин,
Буду набуди ман ҳамин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Ман ҳам баҳорам, ҳам хазон, ман ҳам ғуборам, ҳам нишон,
Ҳам бартар аз чархи барин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Гаҳ пири барҷомондаам, гаҳ кӯдаки нохондаам,
Гоҳе чунонам, гаҳ чунин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Гаҳ масти аз худ рафтаам, гаҳ қиссаи ногуфтаам,
Гаҳ бо шумоям ҳамнишин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Кайҳони боло дигару кайҳони дилҳо дигар аст,
Кайҳоннавардам дар замин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Аммо дар ин рӯи замин будам чу ҳар мирандае
На аввалин, на охирин, ёд аз мани ошиқ кунед.
14.2.1978

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail