Шеър дар бораи иди Навруз

4918164Навбаҳор омад, гулистон аз пайи нашъунамост,
Ғунчахуспони чаноро ғунчайи гул муттакост .
Со дарӯёнро барад аз ҷо ҳайвойи сабзааш,
Сабзхаттонро насими сунбулаш кокулрабост.
Нозбӯро аз бунафша нози болин зери сар,
Шохи гулро бистари барги ҳино дар зери пост.

Муфассал дар саҳифаи: http://sherho.ortgk.ru/mukadami/

polosa

Алами давлати наврӯз ба саҳро бархост,
Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархос.
Бар арӯсони чаман баст сабо гуҳаре,
Ки ба ғаввосии абр аз дили дарьё бархост.
То рабоят кулаҳи қокуми барф аз сари кӯҳ
Яазаки тобиши хуршед ба яғмо бархост, 

Муфассал дар саҳифаи: http://sherho.ortgk.ru/alami-davlati/

polosa

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/navruz-khush-ast/

polosa

Рӯйбанди ҳар замине ҳуллаи чинӣ шавад,
Гӯшвори ҳар дарахте растаи гавҳар шавад.
Чун ҳиҷоби лӯъбатон хуршедро бинӣ зи ноз,
Гаҳ бурун ояд зи меғу гаҳ ба меғ андар шавад.
Афсари симин фурӯ гирад зи сар кӯҳи баланд,
Бод миночашму зеборӯю мишкинбар шавад…

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/bodi-navruzi-2/

polosa

 

Дабиристон-ст гӯӣ ошьёну кӯдакон-гунҷишк,
Нишаста чун яке пири муаллим дар миён лаклак.
Зи мурғони баҳорӣ ҳаст лаклак нохушовозе,
Ки созад чун кунад ово, забон аз устухон лаклак.
Ба минқор аз барои он кунад лаклак ҳаме ово,
Ки то чуз бар дуойи хоҷа накшояд забон лаклак…

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/bashorat-orad-navruz-moro-har-zamon-laklak/

polosa

Ёсуман абдул гардад, хурдвмо зоир шавад.
Остини настаран пурбайзаи анбар шавад,
Домани бодомбун пурлӯълӯи фохир шавад.
Мурғи бебарбат ба барбат сохтаи доно шава, 

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/bodi-navruzi/

polosa

Доман пури шеърдона дорад Наврӯз.
Аз ҳикмати шоирони хушлаҳни Ватан,
Гулчини гули тарона дорад Наврӯз.
Чун ӯст нигорандаи абёти Аҷам,
Сармасти шоирона дорад Наврӯз.
Зардуштсулола асту Ҷамшеднажод,
Аз Ҷоми Ҷамам нишона дорад Наврӯз.
Чун Шаҳрияи дугонааш меҳрафрӯз,
Аз шеъру ғазал ягона дорад Наврӯз.

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/navruzi_dilbar/

 

Наврӯз навид орад аз рӯзи баҳор,
Хуш бо чароғи синаафрӯзи баҳор.
Бидҳат сабақи шкуфтану ворастан,
Шодам зи фурӯғи ибратомӯзи баҳор. 

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/sabacai-shucuatan/

polosa

Орову тор бахшад бар ҳаёти ҳар яки Шумо,
Руҳи болидаву ҳам шодӣ бахшад иди осмонӣ.
Намо бахшад, наво бахшад, ба ҳар қалбе даво бахшад,
Озодиву адолат бишкуфад дар хоки Сомонӣ.
Муборак Рузи Нав ай тоҷику, ай тоҷикистонӣ,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнӣ! 

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/navruz_muborak_bod/

 

polosa

Баҳри саломи шабнами гул субҳдам расед.

Эй шоирон ба нағмаи шево чу Мавлавӣ,

Бар обшори кӯҳи ғазал дам ба дам расед.

Аз чашми сурмасои шаб ашки саҳар чакад,

Дар анҷуман ба сурмаи чашми қалам расед.

Чун рӯи гул шукуфта ҳама чеҳраҳо кунун,

Бар базми ошиқонаи Наврӯзи Ҷам расед!

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/navruzi/

polosa

Дар рўи хони Навруз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рўи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Дар базми иди Навруз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
Рўи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!

Суруди яккафарёди шабонгоҳии хирманкӯб
Ба гӯшам мерасад аз дуру дилро медиҳад ковиш.
Дилаш монанди саҳро бекарон асту саховатманд,
Садои навҳадораш бар дилам илқо кунад нолиш.

Ба чашмам нақш созад солҳои баччагиямро,
Ки дар рӯи чапар шабҳо суруди «Майда»
мехондам.

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/bachagi/

polosa

Зи кӯй ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ,
Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдойи зарандӯзӣ. 

Муфассал дар саҳифаи:  http://sherho.ortgk.ru/zi-kuyer/

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail