ШЕЪРЕ, КИ ХОБ ДИДАМ

Шабонгоҳон чу меафтад ситора
Зи базми ахтарони бешумора,
Хаёлам, бозмегардад зи парвози фалакгире
Ба сӯи ин замин
Аз осмонҳо Экзюперӣ.
Шабонгоҳон чу меафтад ситора
Зи тоқи осмони беканора,
Хаёлам, бозмегардад ба он шӯхию он шангӣ
Ба базми ин замин
Аз осмонҳо Зуҳраи чангӣ.
Агар афтад ситора дар дили шабҳо,
Хаёлам, аз само рӯи фалакпаймо
Гагарин бозмеояд зи парвози нахустинаш,
Заминро мекунад оғӯш эъҷози нахустинаш.
Шабонгоҳон чу андар соҳати кайҳон
Бубинам тори равшан аз паи ҳар ахтари паррон,
Хаёлам, лираи гумгаштаи Орфей шавад пайдо,
Ба гӯши мо кунад хунё.
Чу ояд ахтаре сарзер аз гардун,
Хаёлам, бо сари шӯридаву пурхун
Петефӣ аз миёни корзорон зинда меояд,
Ва Лорка
Бо гитору бо лаби пурханда меояд…
Худовандо!
Намедонам чӣ фол асту чӣ таъбире,
Ки ман ин шеърро
Дар хоб дидам вақти шабгире,
Ки худ парвоз мекардам ба сӯи осмони дур,
Ки худ парвоз мекардам ба сӯи ахтарони дур…
10.3.1979

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close