ШЕЪРИ САФЕДИ «ТИЛЛОИ САФЕД»

Қоматат сабз,
шоху баргат сабз,
ғунчаат сабз,
аммо барои ту,
барои сарсабзии ту
ҷони сиёҳ мекананд деҳқонон.
Хандаат сафед,
шукуфтанат сафед,
200 Лоиқ Шералӣ
гулат сафед,
дилат сафед,
рӯят сафед,
аммо баҳри ин сафедиҳо
чи рӯзҳои сиёҳро
пушти сар мекунанд
деҳқонони оҳанинҷон.
Зеро ҳар пунбаи ту
чун нахҳояшро боз кунад,
билошак,
нусхаи сағире
аз офтоб аст.
Ва деҳқони тоҷик
аз азал офтобпараст аст.
Дар пои ҳар ниҳоли ту
бо қатраҳои арақи ҷабин –
шаффоф чун қатраи борон
ҷавонишонро барои ҷавонаҳот
мерезанд рӯзу шабон
падарону модарон,
хоҳарону додарон,
то фузунтар ҷавона бибандӣ
ва рӯзе
бо ғунчаи лабони ҷавонаҳот
сӯяшон бихандӣ.
Он қадар дувоздаҳ моҳ
ғами туро мехуранд,
ки ғами худро аз ёд мебаранд;
он қадар солу моҳ
дар пои ту хоҳу нохоҳ
суҷуд меоранд,
ки ҳеҷ намозхон
дар тамоми тӯли умраш
ракъати намозашро
ба он миқдор нахонда…
Зимнан, халқи ман
дар тамоми дарозои таърих
пеши ҳеҷ бурду балои таърих
пеши ҳеҷ кас, ҳеҷ чиз,
пеши ҳеҷ бут, ҳеҷ меҳроб,
ҳеҷ мир, ҳеҷ шоҳ,
ҳеҷ олиҷаноб
сар хам накарда,
он сон ки дар пои ту…
зеро сафедии назаррабои ту
чун орзуи рӯзҳои сафед
як ранги орзуҳош аст.
Вақте мешукуфӣ,
замини пунбазор
моност
ба осмони ситорабор,
поку беғубор,
То гули сафедатро бичинад,
духтари сафедандом
дар гармои офтоб
месӯзад,
сиёҳ мешавад,
рухсори нозукаш
пӯст мепартояд…
То ту бихандӣ,
роҳбарон рӯзҳо
ором надоранд,
шабҳо хоб надоранд,
ҷуз масъалаи ту
ба дигар масоил
тоб надоранд.
Дар ҷавви осмон
чун шавад намоён
як пора абр –
абри ҷандапӯши боронӣ,
тира мешавад
ҳам дил,
ҳам рӯй,
ҳам табъашон…
То ғарамҳои сафеди ту
бо абҳати шукӯҳ
қад кашанд мисли кӯҳ,
басо ғарами коғазро
сиёҳ мекунанд
аз санадҳову рақамҳо,
аз зарбу тақсимҳо,
аз фарзу яқинҳо,
қарору тасмимҳо,
танбеҳу танқидҳо,
таъризу таъдибҳо…
Рӯзе қад мефарозанд
ғарамҳои ту
мисли кӯҳ
сӯи само
сафеду пурҷило
чашмрабо,
марди ғарамгар
дар даст ангушта
гӯё кӯҳ бармефарозад,
гӯё заминро
бо осмон иттисол медиҳад,
Куллиёти ашъор 201
гӯё месозад
нардбони сафеде
аз замин то боми фалак…
Ва баъд ту меравӣ
ба хидмати мардум:
аз ту месозанд
болину бистарҳо
рӯйболишҳо
суфпӯшишҳо –
хобҷомаи сафед,
то одамӣ
баъди заҳматҳо,
маломатҳо,
залолатҳо
бихуспад хотирҷамъ,
дилҷамъ, сарҷамъ
ва бубинад
хобҳои сафед
ва бархезад
бо дили сафед,
бо эҳсоси сафед,
бо имрӯзи умр
бо ихлоси сафед,
бовар кунад
ба ранги ту –
ба рӯзу рӯзгори сафед,
ба эъҷози сафед.
Зеро «эъҷози сиёҳ» ҳам ҳаст,
ки меборад марг
ба сари одамӣ
ва мепечонад туро
ба наъши пайкари одамӣ.
Зеро «эъҷозе» ҳам ҳаст,
ки аз ту месозад
пардаҳои сиёҳ
то рӯзи сафедро,
олами равшани орзуву умедро
тира созад
дар чашми инсон.
Зеро на ҳама сияҳдилон,
сияҳтинатон,
сияҳниятон
сафедии туро
он сон, ки ҳаст,
сафед мебинад.
Зеро «эъҷозе» ҳам ҳаст,
ки аз тору пуди ту
дом мебофад
барои инсон,
таноб мебофад
ба гардани саркашон,
ба пои раҳравон,
сӯи фардои тобон.
Ватани ман мехоҳад
аз ту барои абнои башар
бештар
пираҳан бибофад,
аммо онон –
он сияҳкорон
мехоҳанд бештар
барои абнои башар
кафан бибофанд.
Ватани ман мехоҳад,
ки бо ту ҳаргиз дигар
набандад захмҳои аскар,
аммо онон мехоҳанд
туро аз хуни одам,
аз хуни шаҳидони ҷанги нафсҳо,
ғояҳо,
сармояҳо
лолагун созанд.
Аммо ман
бо дилу нияти сафед
(Ҳарчанд мо ҳама
омадем ба даҳр
дар ту печида,
меравем ба хок,
дар ту печида)
мехоҳам
бисозанд аз ту
пойандоз –
як пойандози бузург
дар роҳи фардо,
то фардо мисли наварӯс
саропо сафедпӯш
аз паранди тобони ту
рӯ-рӯи он бигзорад
нарм-нарм пои муборакашро;
сар бигзорад ба бистари бахт –
бахти сафеди ҳамранги ту
ва бархезад
бо ормонҳои сафед,
боз давом кунад
роҳашро дар қаламрави хуршед
ба сӯи рӯзҳои сафед
бедоғ, беолоиш, белакка,
ба сони ғунчаи навшукуфтаи ту
ва мехоҳам
дар парчами ҳама кишварҳо
ранге, рамзе, шафақе,
дурахше, ҷилое
аз ту бошад,
то одамӣ ба фардои сафед
бовар кунад
ва агар рӯзи бозпасин
кафанаш аз ту ҳам бошад,
боз бовар кунад
ба фардои ворисон –
фардои чун ту
тобноку сафеду дурахшон!
17.3.198

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail