Шеъри солинавӣ

Эй зимистон тез-тез
Барфаки худ рез-рез
Бодаки сардак вазон
Дарё ях кунад аз он

Конки гирам ба поям
Ба руи ях бароям
Яхмолакбози кунам
Хуб даву този кунам

Зимистони кахратун
Ту бо ман шухи накун
Ман аз ту наметарсам
Аз хунук намеларзам

Конкии ман зебоӣ
Конкии ман тезпой
Аз баланди мепарӣ
ҳар ҷо хоҳам мебарӣ

Ба кӯҳ ҳам мебароӣ
Аз ҷари мефароӣ
Наметарасам аз ҳеҷ чиз
Мепарам чун боди тез

Намекобам ҷои гарм
Напӯшам палтои гарм
Охир ман варзишгарам
Рӯ рӯи ях мепарам

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close