ШЕЪРИ ЗАНИ МАҲБУБ

Эй зане ки дӯстат дорам,
Пайкари ту хирмани заррини пурбор аст,
Хирмане к-аз баҳри як донаш
Дод Бобоям биҳишти ҷовидон аз даст.
Лек он хирман дар оғӯши ман аст имрӯз,
Ман куҷову ёди ман он афсӯс.

Обшоре аз бару дӯши ту мерезад,
Мапаранд аз байни он гӯё парастуҳои абрӯят.
Чашмҳои беғуборат чашмаҳои тозаву софанд,
Дар хами гесӯят ангуштони шаббода
Қиссаҳои ишқ мебофанд.

Доимо пар мезананд атрофии зулфат сӯзанакҳо.

Мебарам бар чашмаи шодоби лабҳоят
Ташнагиҳои лабонамро.
Ҳам ба рӯйи хомаҳои моҳтобии бағал сармаст
Рӯз месозам шабонамро.
Аз камаргоҳи ту мелағжанд дастонам ба ҳамворӣ,
Хешро ворафта меёбам хобу бедорӣ.

Меравам беёд дар дунёи оғушат,
Мебарӣ бо худ маро пайваста чун дарё –
Сар ба сар лабрези хоҳишҳо,
Бехабар аз ранҷу коҳишҳо.
То ба ҳар мавҷу тапиш мегардӣ имшаб
тозатар аз хеш ,
То ба ҳар мавҷу тапиш мегардам имшаб
тозатар аз пеш.

Рӯйи дарё бол бикшоянд ғуҳои ишқи мо.

Байни мо лоинтиҳои ишқу армонҳост,
Меравем имшаб чу дар оғӯши ҳамдигар,
Меравад лоинтиҳо дар қалби мо яксар,
Мешавем он гуна беанҷом,
Мешавем он гуна беохир.

Эй зане ки дӯстат дорам,
Ман чунин меёбам имшаб, ки
паёми зандагӣ дар туст,
Ман чунин меёбам имшаб, ки
қиёми зиндагӣ дар туст ,
Ман чунин меёбам имшаб, ки дари беинтиҳоиҳо
дар оғӯши ту гардад боз,
Меравам з-ин дар даруну хештанро медиҳам овоз,
Мерасад овози ман аз бекарон бар гӯш,
Мешавад овози ман
дар ҷовидони ишқ аксандоз.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close